Либоси миллӣ — ифтихори миллӣ

12

Бо мақсади тарғиби либоси миллӣ дар муассисиаҳои таълимии шаҳри Панҷакент силсилаи мулоқотҳо ба роҳ монда шуд.

Мурод Шукурзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент перомуни роҳҳои пешгирӣ аз бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳанги ғайр сӯҳбат кард.

Вай гуфт, ки гароиш ба фарҳангу маданияти бегона пайомадҳои нохуш дунбол дорад ва мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб меҳвари фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Аз хонандагон даъват карда шуд, ки ба анъанаҳои наҷиби сирф тоҷикона эҳтиром гузоранд ва аз пӯшидани либоси бегона худдорӣ намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>