ДАСТУРИ РАҲНАМО БАРОИ ТАҚВИЯТИ КОР

48802606108_907179cd16_c

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 25 сол қабл Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро асос гузоштаанд, ҳамчун роҳбар дар рушду ташаккули минбаъдаи ин ҳизби сиёсӣ низ бо амалӣ кардани ғояҳои созанда нақши барҷаста доранд.

Рушду пешрафти кори ҳизб ва барномаву нақшаҳои ояндаи он аз идеяҳои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Дар ҳар ҷаласаву вохӯриҳо бо фаъолони ҳизб Раиси муаззами ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафт ва беҳбудии бештари кор дастуру ҳидоятҳои судманди хешро ироа мекунанд. Ҳар мулоқоту сӯҳбатҳои Садри аввал фаъолон ва аъзои ҳизбро руҳу илҳоми тоза бахшида, ба равнақу тақвият ёфтани фаъолияти ҳизбӣ мусоидат менамояд.

Аз сӯҳбати пурмӯҳтавои Раиси муаззами ҳизб, ки охирҳои моҳи август зимни ифтитоҳи бинои маъмурии кумиҷроияи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ иттифоқ афтод, ҳизбиёни вилоят бардошти хубе намуданд. Ин рӯҳияи гуворо дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки пас аз як моҳи ин вохӯрӣ доир шуд, ба мо боз ҳам таассуроти амиқу рангин гузошт. Бо дастуру супоришҳои раҳкушо, ба фаъолияти ҳизбӣ такони тозае бахшиданд. Зеро ғояҳои созандае, ки ба миён гузоштанд, ҳамсафонро ба навҷӯӣ дар усули кор, истифодаи васеъ аз имкониятҳои технологӣ, робитаи қавиву устувор бо халқ, равнақ бахшидан ба фаъолияте, ки мардумро ба ободкориву созандагӣ сафарбар намояд, раҳнамун мекунанд.

Аз он ки дар ҷаласаҳои ҳизбӣ ва сӯҳбатҳо бо фаъолони ин нерӯи сиёсӣ хеле самимона ва аз рӯи сидқ ҳарф мезананд, эътимоди хоси Пешвои миллат нисбат ба ҳамсафонро ифода мекунад. Дар ҷаласаи навбатӣ низ таъкид карданд, ки ба қувваи бузурги ҳизб такя карда, “бовар дорем, ки онҳо ҳамчун нерўи пешбарандаи сиёсии кишварамон дар раванди таҳаввулоти ҷомеаи имрўзаи тоҷик саҳми арзанда мегузоранд”.

Ҳаёт ва таҷрибаҳо собит кардаанд, ки нерӯву ҳизбҳои сиёсие, ки мавқеи устувор надоранд ва ё фаъолияташон аз манфиатҳои гурӯҳҳои ҷудогона реша мегирад, ба зуддӣ эътибору нуфузи худро аз даст дода, пароканда мешаванд. Нуфузу эътибори бесобиқаи ҲХДТ дар он ифода ёфтааст, ки фаъолият ва ҳадафи он берун аз ин хусусиятҳост. Ин нерӯи сиёсӣ дастёбӣ ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати саросариро ҳадафи хеш қарор додаву ба қавли Раиси муаззами он: “…аз иҷрои ин вазифаи таърихӣ сарбаландона баромад ва ҳоло маҳз ба шарофати неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ давлати мо бомаром рушд карда истодааст ва раванди бунёдкориву ободонӣ пайгирона идома дорад”.

Новобаста аз ин, Пешвои миллат боз ҳам устувор намудани мавқеи ҳизбро зарур мешуморанд. Ва инро “ба василаи таъмин кардани ниёзҳо ва талаботи мардум, ҳаллу фасли масъалаҳои умдаи ҷомеа” имконпазир медонанд, ки ғояи оқилонаву саривақтӣ аст.

Дар маҷлиси навбатии Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияти нӯҳмоҳаи ҳизбиён натиҷагирӣ шуда, масъалаҳои дохилиҳизбӣ ва даъвати Анҷумани навбатии ҲХДТ баррасӣ гардид. Аммо қисмати муҳиму хотирмони ҷаласа суханронӣ ва дастуру ҳидоятҳои Сарвари ҳизб мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳамсафонро ба фаъолияти устувору бонизом, ибратбахшу ҳадафрас раҳнамоӣ кард. Ба гуфтаи худи Раиси муаззами ҲХДТ сӯҳбати мазкур фарогири он масоиле буд, ки бо дарназардошти таҳаввулоти ҷомеаи муосир ҳизбиён бояд анҷом диҳанд.

Аз ҷумлаи онҳо, навҷӯиву навоварӣ дар корҳои тарғиботӣ, шикастани анъанаҳои қолабии фаъолият буданд. Сарвари давлат бо ин мехоҳанд, фаъолияти ҳизбӣ ба шароити замона мувофиқ бошад. Зеро гузашти вақт, тағйирёбӣ ва дигаргуншавии ҷомеа тақозо мекунад, ки ҳамагуна фаъолиятҳо вобаста ба замон таҷдиди назар шаванд. Аз ҷумла, фаъолияти ҳизбӣ низ, ки асоси онро тарғибот ташкил медиҳад, роҳандозии навоварӣ дар шаклу усули ташвиқот ҳадафи асосиро таъмин месозад.

ҲХДТ таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ваҳдату ягонагиро дар маҳаки фаъолияти хеш қарор додааст. Аз вазифаҳои муҳими он тарғиби ғояҳои асосии давлатдорӣ ва давлатсозии навини тоҷикон дар байни мардум мебошад, ки ба гуфтаи Раиси ҳизб он на танҳо рисолати инсонӣ, балки мақсаду мароми ҳизбӣ мебошад.

Сарвари давлат дар ҷаласа аз хатарҳое ёдоварӣ карданд, ки таҳдид ба пойдории ин арзишот доранд. Аз ҷумлаи онҳо зуҳуроти терроризм ва экстремизм мебошад. Воқеъан, вазъияти ҷаҳони пурталотум водор мекунад, дар мубориза бо ин хатарҳо беш аз ҳарвақта устувор бошем.

Муҳимтар аз ҳама, бетараф набошем, зеро бетарафӣ худ офат аст. Пешвои миллат вақте аз рӯзгори нобасомони ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шуданд, аз бетарафии иддае аз зиёиён нисбат ба воқеаҳои он солҳо нигаронӣ карданд.

Бинобар ин, таъкид намуданд, ҳар узви ҳизб, новобаста аз он, ки дар кадом сатҳу дар кадом вазифа кор мекунад, дар ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷомеа саҳмгузор бошад.

Махсусан, ин рӯзҳо, ки дар робита ба наздик шудани маъракаи сиёсии интихобот нерўҳои экстремистиву террористӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол гардидаанд, бояд мавқеъгирии фаъолон ва ҳар узви ҳизб дар қиболи ҳифзи манфиатҳои давлату миллат устувор бошад. Дар чунин шароит ҳифзи амнияти иттилоотӣ аҳамияти рӯзафзун касб мекунад ва дар ҳимояи он тарғибгарони ҲХДТ низ мавқеи муҳим доранд.

Роҳбари муаззами ҳизб вазифаҳои ҳизбиёнро дар робита ба интихобот матраҳ карда, бо боварӣ изҳор карданд, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланд, дар доираи қонун, ошкору шаффоф ва тибқи меъёрҳои демократӣ баргузор мегардад.

Бадурустӣ, ки обрӯву эътибори ҳизб аз вакилони он вобастагии қавӣ дорад. Аз ин рӯ, пешниҳоди номзадҳое, ки дорои таҷрибаи бой, соҳибилму бофарҳанганд, муҳим аст. Боиси қаноатмандист, ки дар сафи ҳизби мо чунин ашхоси арзанда хеле зиёданд.

Дар ин маврид Сарвари давлат, Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дуруст қайд карданд, ки ҳизби мо, ки беш аз ним миллион нафар аъзоро дорад, нерӯи бузургеро мемонад. Ва албатта ин нерӯ ба таври дастҷамъона мушкилтарин корҳоро ҳаллу фасл ва пурнишебтарин роҳҳоро убур хоҳад кард. Ё ба таъбири дигари Раиси ҳизб: “корҳои бузургро қувваи бузург метавонад ҳаллу фасл намояд».

 

Сатториён Матлубахон Амонзода,

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>