НИҚОБИ АСЛИИ ТЭТ ҲНИ

Logo_001

Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Мо шаҳрвандони ин кишвари шукуфо шукрона мекунем, ки дар чунин давлати ободу зебо ва муҳимтар аз ҳама, дар фазои мутаҳҳидиву ягонагӣ умр ба сар мебарем. Дар саргаҳи ин пешрафту тараққиёти кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд.

Чанде пештар дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” оиди ташкили гирдиҳамоӣ дар Олмон хабарҳо дарҷ шуданд. Паҳнкунандагони ин хабар ҳамин чанд тан ватанфурӯшону беномусони миллат – аъзои ТЭТ ҲНИ, ки имрӯз ҳамчун паймони бо ном “миллӣ” амал мекунанд, ба шумор мераванд. Онҳоро на дар Ватан ва на берун аз он касе пуштибонӣ намекунад. Ҳайратовар он аст, ки ҳамон чаҳор-панҷ нафар мехоҳанд аз номи миллат (ин гуна амал барои онҳо маъмулист) ҳарф зананд. Ба шумо гуфтанием, ки бо ин мафкураи тангатон мардуми сарбаланди миллати тоҷикро шарманда накунед. Мардуми олам тоҷиконро халқи бомаданияту соҳибфарҳанг эътироф мекунанд. Шумо бо он мафкурае, ки бо ғояҳои хоҷагонатон омехта шуда аст, аз номи миллат ҳарф назанед!

Оё гирдиҳамоиро бо панҷ нафар гурезагони дар ба дар ташкил кардан мумкин аст? Хуб, ташкил кардед, натиҷа чи мешавад? Яъне, мавқеи худро нишон додан мехоҳед, дар ҳоле, ки мавқеи шумо барои ҳамагон чун оина равшан аст. Мардуми тоҷик хуб медонанд, ки гирдиҳамоиҳои шумо – наҳзатиён солҳои наваддуми қарни гузашта Тоҷикистонро ба чи кулфатҳо оварда расонид. Акнун, ки ҳама асроратон фош шуду беватан мондед, дар хориҷ нақшаҳои подарҳавои худро амалӣ карданиед.

Вале як чизро фаромӯш накунед: мардуми шарифи Тоҷикистон воқеаи фоҷиабори солҳои ҷанги шаҳрвандиро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накардаанд ва ба он хатогиҳо дубора роҳ нахоҳанд дод!

Абдулҳафиз ДАДОБОЕВ ,

аъзои Ҳизби Халқии

Демократии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>