ВАТАНФУРӮШОНИ КАСБӢ

Logo_001

Дар таърих душманони миллати худ ё ватанфурӯшони касбии ҳар як халқу миллат, аз он ҷумла халқи тоҷик ба вуҷуд омадааст. Инро дар мисоли фаъолияти вайронкоронаи ватанфурӯшу ватангадоҳо – ҷинояткорони сиёсӣ Гадоев, Варки, Шерзамонов, Кабирӣ, Ёқубӣ ва ташкилотҳои ғайриқонунии ТЭТ ҲНИ, Гурўҳи 24, ПМТ ва дигар хоинони Тоҷикистон эҳсос кардан мумкин аст. Ҳамасола конфронси ҳисоботии ташкилоти байналмилалии САҲА бо иштироки ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон, аз он ҷумла ватанфурӯшони касбӣ баргузор мегардад. Дар конфронси номбурда, ки санаи 16-уми сентябр дар шаҳри Варшаваи Полша оғоз ёфт ва то санаи 27 сентябр давом кард, намояндагони қариб 60 кишвари аъзои созмон ва 1,5 ҳазор намоянда ширкат варзиданд. Конфронси номбурда байналмилалии анъанавӣ буда, дар он масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон ва амсоли инҳо баррасӣ мешаванд.

Аммо, баъзан масъалаҳои зидди қонунҳои байналмилалӣ ҳам мавриди муҳокима мегардидаанд. Аҷабо! Иштирокчиёни ин конфронси байналхалқӣ намояндагони расмии ҳукуматҳои кишварҳои аъзои САҲА, ташкилоту ҳаракатҳои сиёсӣ ва амсоли инҳо мебошанд ва табиист, ки мавқеи худашонро доир ба масъалаҳои баррасишаванда ҳифз мекунанд. Дар он иштироки намояндагони баъзе гурӯҳҳои ғайриқонунии вайронкори ТЭТ ҲНИ, Гурўҳи 24, ПМТ, ки берун аз ҳудуди кишвар алҳол фаъолияти террористӣ доранд, як иштибоҳи САҲА буд. Яъне, онҳое, ки пуштибони кофӣ дар Тоҷикистон надоранду аз тўдаи мардуми ғаразхоҳ иборатанд, ба ин конфронс даъват гардиданд. Онҳо дар асоси кадом қонуни байналмилалӣ ба он даъват шудаанд?

Кишвари мо ҳам аъзои комилҳуқуқии САҲА аст. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони расмӣ Зариф Ализода, Абдулло Раҳнамо, Вафо Ниёзбекзода ва ҳам намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ иштирок доштанд ва ҳар кадом доир ба воқеияти ҳол маълумот доданд, мавқеи расмии Тоҷикистонро нисбати қазияҳои баррасишаванда изҳор карда тавонистанд. Онҳо исбот карданд, ки кишвари мо соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ мебошад.

Дар асоси тартиботи дар конфронси байналхалқии амалкунанда дар вақти муайян ба ҳар кадом намояндаи давлатҳо барои суханронӣ фурсат дода шуд, аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар расонаҳои хабарии ТЭТ ҲНИ, Гурўҳи 24, ПМТ ҷор мезананд, ки гўиё ғолиб омадаанду намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон шарманда гаштаанд. Пеш аз ҳама чунин наворҳо ва ё хабарҳо танҳо бо мақсади худашонро бузург нишон додан ва ба мардум фаҳмонидани он аст, ки гўиё онҳо қудратманданд. Ҳаргиз ин тавр нест! Ин нисбат ба халқи тоҷик ва давлат тӯҳмату бӯҳтон аст.

Дар он толор бо чанд суханронии воизнамоҳои тӯҳматангезии ТЭТ ҲНИ, ПМТ, Гурўҳи 24 ва созмонҳои дигар мардуми тоҷик фирефтаи фитнаву иғво намегарданд. Конфронси байналмилалӣ нишон дод, ки мақсади асосии ПМТ, ТЭТ ҲНИ, Гурўҳи 24 танҳо як аст: соҳиб гаштан ба мансабу қудрат, ташкили давлати исломӣ…

Ҳайрон мешавам, ки дар хориҷ истода, тақдири халқи тоҷикро ҳал кардан мехоҳанд. Дод бар он касоне, ки мушкилоти Тоҷикистонро баҳона ва ё абзори ба сари қудрат омадан месозанд, вақте ки дар Тоҷикистон мушкилоти норасоии барқ, нооромӣ, озуқаворӣ буд, ин мансабхоҳон масъалаи ба даҳонашон меомада ҳамоно маҳдудкунии қувваи барқ буд. Имрӯз НБО “Роғун” ва ду чархаи он фаъол гашт, дигар ин мавзӯъро матраҳ намекунанд, оиди ин муваффақиятҳо сухан намеронанд. Дар замони ҳозира онҳо масъалаи дигар – муҳоҷирати меҳнатӣ, давлатдорию  ҷашнҳои таърихӣ, суханронии сиёсатмадоронро маҳаки дағдағаҳои худ қарор додаанд. Аммо, факти дуруст надоранду ҳама ҳарфҳояшон подарҳаво.

Дар Федератсияи Русия аз Украина, Қазоқистон, Ўзбакистон, Қирғизистон, Кавказ, Белорус, Туркманистон ва дигар кишварҳо ҳам муҳоҷирони корӣ ҳастанд. Ҳатто аз кишвари мутараққии Чин низ дар Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Дар дунёи имрўз муҳоҷирати корӣ як падидаи маъмулӣ аст, худи русҳо ба Аврупо ва аврупоиҳо ба ИМА ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Маълумоти оморӣ исбот кардааст, ки миқдори муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон бо баробари тараққӣ ёфтани кишварамон кам гашта истодааст. Оянда масъалаи таъминоти барқ комилан ҳалли худро меёбад ва батадриҷ корхонаҳо кушода мешаванд, масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ҳам ҳалли худро пайдо хоҳад кард.

Дар рафти конфронси байналмилалии намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз суханони ноҷоя нигаҳ доштани «пистаҳои бемағз»-и ТЭТ ҲНИ, Гурўҳи 24, ПМТ ва дигарон кўшишҳои хуб нишон доданд, эътироз баён карданд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар рафти сӯҳбатҳо Мулло Раҳим Каримов, ки яке аз созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистонро намояндагӣ мекард, Муҳиддин Кабириро ба баҳси ошкоро даъват намуд. Аммо Кабирӣ инро рад кард. Баҳс кардан бо нафаре, ки асрори пинҳонии ТЭТ ҲНИ-ро медонад, албатта, бисёр чизҳои махфии ин ҳизби мамнӯъро ошкор месозад ва расонаӣ мегардад. Аз ин хотир бо ҳар баҳона Кабирӣ ин сӯҳбатро рад намуд. Ин амалро, ба ғайр аз гурез аз ошкоршавии сирҳои пинҳонии ин нафарон, дигар чизе шарҳ додан мумкин нест. Худи Кабирӣ дар суханронияш изҳор дошт, ки «ораторҳои пешина» ҳама суханонро гуфтаанд, аммо на аз ПМТ, на аз “Гурўҳи 24” ва ғайра ягон нафар сухандонии хуб ҳам накард, ки ба қавле «мурдаи ба гиристан шоиста» бошад. Душманони қаттоли миллати тоҷик – онҳо ба мисоли роботҳои барномарезишуда суханронӣ доштанд ва ҳис ҳам мешуд, ки матнҳояшонро на худашон, балки раҳнамоҳо ва хоҷагони пасипардагияшон навиштаанд. Инсони комил ҳайрон мешавад, ки вайронкорони касбӣ аз ҳеҷ фаъолияти номаҳрам ҳам даст намекашанд.

Халқи тоҷик бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат ба ҳамаи мухолифони давлат оштӣ эълон карда, ваҳдати миллиро асос гузошт. Ин душманони миллат бошанд пайваста дар фикру амали теша задан ба ин неъмати бузурганд. Зеро онҳо ватанфурӯшони касбии халқи тоҷик буданд, ҳастанд ва мемонанд. Аз онҳо ҳазар мекунем.

  Иброҳимҷон ҶАББОРОВ,

Сафар ЭРКАЕВ,

 дотсентони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>