МАРДУМФИРЕБӢ ТО БА КАЙ ?

Logo_001

Бо ҷаҳду талошҳо ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат, суботи оромӣ ва пешравию тарақиёт танинандоз аст. Ин сулҳу субот ва тинҷию оромӣ ва зиндагии хушбахтонаи мардуми Тоҷикистон, пешравиҳои бузурги кишварамонро бархе аз нохалафони миллат диданӣ намехоҳанд ва аз дур истода, аккос мезананду ба сӯи мардуми озоду хушбахти кишварамон санги таънаю маломат меандозанд. Ин зархаридони хориҷӣ бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” мехоҳанд бо роҳҳои фиребу дуруягӣ ва тағйири ном боз ба Тоҷикистони сулҳхоҳу сулҳҷӯй бозгарданду мақсадҳои нопоки худро амалӣ созанд. Онҳо мақсади нопоки сарварони ТТЭ ҲНИ-и манъшударо рӯи об бароварданиянд. Ин фурухташудагон барои ба даст овардани пулу моли муфт аз баҳри падару модар, меҳану миллати худ даст кашида, чун сагони косалес аз паси хоҷагони хориҷии худ дав-дав доранд. Онҳо дар расонаҳои хабарии хориҷӣ мақолаҳо дарҷ карда, дар барномаҳои интернетӣ гуфторҳои нопоки худро пахш карда, ҷамъомаду вохуриҳо ташкил намуда, мардуми Тоҷикистонро боз гумроҳ карданӣ ва ба сари халқи он балоҳои дигарро бор намуданиянд.

Дар конфронси САҲА хоинон – М.Кабирӣ, И.Ёқубов, Ш.Гадоев, Варқи ва Шерзамонов иштирок карда, ба рушду нумуи Тоҷикистон кӯр-кӯрона назар афканда, ҳадафҳои нопоки худро фош карданд.

Конфронси навбатии САҲА исбот намуд, ки онҳо дар хориҷа ҳам мутаҳид шуда наметавонанд, ба ягон амалҳо муваффақ намегарданд, аҳли дунё ин хиёнаткоронро дастгирӣ намекунад ва албатта тирашон хок мехурад. Онҳо бо ном “ҳомиёни Ватан”-анд,  аммо барои ободиву гул-гулшукуфии Тоҷикистон як иқдоми кӯчак ҳам ба харҷ намедиҳанд. Боз шарм надошта иншоотҳои бузурги сохташуда ва пешравиҳои беқиёсӣ Тоҷикистони азизамонро зери танқид мегиранд, ки хатои бузурги онҳо дар ана ҳамин аст.

Бо як овоз мегӯем, ки мардуми тоҷик дигар ба доми ин душманони миллат намеафтанд, гумроҳ намегарданд ва фиреб намехӯранд. Чун, ки ин хоинон симою амалҳои худро чун душманони халқи тоҷик борҳо нишон додаанд. Минбаъд Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми банангу номуси вай ба ягон хел созмонҳои чун “Паймони миллӣ” ё гуруҳу ташкилотҳои дигари берунаи ифротӣ этиқоду боварӣ надоранд.

Халқи тоҷик бо роҳбарии сарвари хирадманду сулҳпарварии худ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои пурпечитобу ноҳамворро паси сар карда, ба қуллаҳои баланду тарақиёт, ҳаёту оромии осоишта расид.

                                                         Ниёзмуҳаммади ИБРОҲИМЗОД,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>