«Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол — Ватани маҳбуби ҳамаи мо!»

ФОТО АНДЕША

Мо, ҷавонон нерӯи созанда ва бунёдкор ҳастем. Дар шароити кунунӣ барои зиндагии шоиста ва фаъолияти мо, қишри ояндабунёд тадбирҳои судманд амалӣ шуда, шароити зарурӣ фароҳам аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бовар аз қувваи пешбарандаи ҷавонон намояндагони ин қишри ҷомеаро такягоҳи боэътимод ва иқтидори воқеии пешрафти кишвар унвон мекунанд. Ҳамакнун ҷиҳати дастгирии ташаббус ва ғояҳои арзандаи мо – ҷавонон тамоми имконот мавҷуд аст. Бо як ҷумла, таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ нисбат ба насли ҷавон рӯз то рӯз афзун мешавад.

“Тоҷикистон Ватани ҷавонон аст” – ин нукта иқтибос аз суханронии роҳбарияти олии кишвар дар сӯҳбат бо ҷавонони болаёқат аст. Имрӯз наздик 70 фисади сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони насли ҷавон ташкил медиҳад. Ин аст, ки ҳукумату давлат дар симои ҷавонон ояндаи миллатро дида, рушду пешрафти кивашрро ба ин нерӯи созанда марбут медонад.

Ифтитоҳи мактабҳои типпи нав, донишдкадаву донишгоҳҳо, майдончаву мактабҳои варзишӣ бо шароитҳои зарурӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир  аз иқдомҳои судманди Ҳукумати кишвар ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, дар Паёми навбаташон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чаҳорумро саноатикунонии кишвар эълон намуданд, ки ин иқдом ба таъсиси  ҷойҳои нави корӣ замина гузошта, зина ба зина некӯаҳволии халқро таъмин ва сатҳи бекориро коҳиш медиҳад.

Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик бисёр рӯзҳои сахттаринро аз сари худ гузарониданд, хусусан ҷанги шаҳрвандӣ, ки солҳои 1992-1997 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шахсони мансабхоҳ ва хоинони миллат барои тағйир додани сохти Конститусионӣ ва истифодаи мансабҳо ба фоидаи худ сар зада буд. Ин ҷанг ба ҳар як хонаи мардуми тоҷик хисороти калоне оварда, писарро бо падар, духтарро бо модар, бародарро бо додар  ба гурӯҳҳо ҷудо кард. Бисёр нафар фарзандони мардуми тоҷик барои хомӯш намудани оташи ин ҷанг дар роҳҳи тинҷиву оромӣ  қурбон гаштанд. Ҳазорон ҳазор кӯдакон бе падару модар, занон бе шавҳар, волидон бе фарзанд монданд. Шахсони бегуноҳ аз гуруснагӣ дар мағозаҳои нонфурӯшӣ ба навбат истода, ё ин ки хӯрокаҳои пастсифатро истеъмол намуда, аз  бемориҳои гуногун сироятӣ ҷон бохтаанд.

Мо бояд аз неъмати волои ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ шукрона намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмиллалӣ дучанд меҳнат намоем, то тавонем ба наслҳои ояндаи хеш давлати пешрафтаву ободро ба мерос гузорем.

Маълум аст, ки хоинони миллат ва мухолифони тоҷик зиндагии осуда, фазои ором ва суботи сиёсии кишварро дида натавониста, барои ноором кардани амнияти мардум талош мекунанд. Ҷиҳати гумроҳ намудани ҷавонон ва татбиқи ҳадафҳои ғаразолуди худ аз воситаҳои пасттарин истифода менамоянд. Сокинони сарбаланди кишвар ҷиҳати пешгирии зуҳуротҳои номатлуб кӯшишу талош мекунанд. Мо бояд муттаҳид бошем. Танҳо дар ҳамдастӣ метавон ба вабои аср – терроризму экстремизм ғолиб шуд.

Ин ҳама ободӣ ва рушди пайвастаи Тоҷикистон аз такопӯиҳои зиёд ва ҷонбозиҳо маншаъ мегирад.

Пойдору устувор будани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аз сокинони кишвар иттифоқӣ ва муттаҳидиро тақозо мекунад. Зеро “зӯри мушт дар панҷ ангушт” мебошад. Танҳо дар якҷоягӣ метавон истиқлоли миллиро ҳифз ва пешрафти соҳаҳои мухталифи кивашрро таъмин намуд.

 

Маъруф АКБАРЗОДА,

роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии

ҷавонон    “Созандагони   Ватан”

дар   ноҳияи  Бобоҷон   Ғафуров  

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>