Изҳороти модраи тоҷик нисбати суханронии Кабирӣ ва пайравони ӯ

Logo_001

Кас нафрат мекунад ба шахсоне, ки хиёнаткор ҳастанду ба Ватани маҳбуби худ хиёнат мекунанд. Аз модар онҳо хиёнаткор тавлид нашудаанд.  Дар Чини қадим: “фарзанди модаре, ки барои муҳофизати халқу ватанаш бархеста ба муқобили душманонаш ҷанг карда ҷони худро нисор кунад, он модар ашки шодӣ рехта дар назди халқу ватанаш худро сарбаланду хушбахт ҳисоб мекунад ва ё баръакси он агар фарзанд аз хизмати халқу ватан саркашӣ кунаду ба он хиёнат кунад, он гоҳ он модар худро дар назди халқу ватанаш гунаҳгор меҳисобад ”, чунки чунин фарзандро ба дунё овардааст.

Наход ин хоинони ватанро, яъне Кабириву ҷонибдорони ӯро модари тоҷик ба ҳамин орзуву умед ба дунё оварда бошад, агар модару падар дошта бошанд ин хиёнаткорон онҳо чӣ гуна дар назди мардум сар боло карда мегарданд. Алҳазар, аз чунин фарзандони нохалаф, Худо нигаҳ дорад аз ба чунин рӯзи сахту нангин гирифтор шудани авлоду аждоди хиёнаткорон. Шири модару нону намаки ватан кӯраш кунад чунин шахсонро.

Масалан олими бузурги Ғарб Шиллер чунин гуфтааст: ”Ҳар мардеро дидӣ, ки ба мақоми баланде расидааст, бидон, ки зани лоиқ ва шоистае дорад”. Охир он хиёнаткорон модар ё хоҳар ва духтар доштагист. Аз ин  се нафар наход ягон нафаре аз онҳо ин марди баднафси беномусро аз роҳаш баргардонида натавониста бошад? Чашми инсонро хоки гӯр сер мекунад мегӯянд. Бо истифода аз мансаб соҳиби ин қадар боигариву ҷоҳу ҷалол гашта худро дар қатори бенумусу хиёнаткорон роҳ дод. Лаънат ба чунин мардони беномус. Ман ин рафтори хиёнаткоронаро маҳкум менамоям. Лаънат, лаънат, лаънат.

 

Муовини раиси КИИҲХДТ

ба номи М.Осимӣ (ДПДТТ)

дар ш.Хуҷанд

             Х.Темирова

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>