ЭЪТИРОЗИ ЗАНОН : ИТТИҲОДИ МУНОФИҚОН ЭЪТИРОФНАШАВАНДА

Logo_001

Дар мулоқоту вохӯриҳо беш аз ҳафтҳазор нафар занони Исфара, ки узвияти ҲХДТ – ро пазируфтаанд, таъсиси иттиҳоди террористии “Паймони миллӣ”-ро ошкоро маҳкум карданд. Паймони миллӣ, ки ТТЭ ҲНИ бо ҳамсафонаш таъсис додааст, асосҳои ҳуқуқӣ ва ҳаётӣ надоранд.

Ҳар як иттиҳодияи ҷамъиятӣ сиёсӣ тибқи талаботҳои санадҳои ҳуқуқиву меъёрӣ созмон ёфта, барои фаъолияти минбаъда ҳуҷҷатҳояшро ба мақомотҳои дахлдор барои эътироф супорад, аммо ҳар чаҳор созмоне, ки барои созмони иттиҳод муттаҳид шуда, имзо гузоштааст дорои чунин ваколат нестанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит ва имконият фароҳам овард, то ки сокинони кишвар аз ҳуқуқу озодиҳои худ озодона ва ихтиёрӣ истифода баранд. Дар моддаи 8-и Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қайд гардидааст, ки “Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад.

Мафкураи ҳеҷ як ҳизб иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.

Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, милдлатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд, ё барои ба зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд манъ аст”.

Мо занони Исфара  иттиҳодияи ғайриқонунӣ ва ҷиноятпешаи “Паймони миллӣ”, ки сарварии он ба дӯши террористи беватан, хоини миллат Кабирӣ вогузор шудааст,  эътироф намекунем.

Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дар анҷумани   шаҳри Варшава ба ҷузъ дурӯғ, тӯҳмат, хиёнат ба ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон мақсади дигаре баён карда натавонистанд ва борҳо маломати аҳли нишаст гаштанд.

Кабирии лаъин ва мунофиқ мегӯяд: “То маҳбусони сиёсӣ ба хусус Муҳаммадалии Ҳаит озод нашавад мо ба гуфтушунид розӣ шуда наметавонем”.

-Эй мунофиқ! Ту аз кадом гуфту шунид ҳарф мезанӣ?, чунин таклифро ба ту касе пешниҳод накардааст ва ҳеҷ гоҳ ягон ниҳод аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хоинони миллат, ифротиён гуфтушунид нахоҳанд кард. Ҳукми туву тақдири ТТЭ ҲНИ ва ҳамсафонат он кайҳо ба имзо расидааст.

Оё ту мурдори сиёсӣ намедонӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон маҳбуси сиёсӣ вуҷуд надорад?, ҳамаи ҳамсафони ту бо ҷурми дастдоштан ба ҳаракатҳои экстремистию террористӣ тибқи талаботҳои қонунҳои амалкунанда, аз ҷониби суд ба маҳкама кашида шудаанд.

Ба қисмати  Муҳаммадалии Ҳаит, ки роҳбари дастгоҳ ва муовинат буд  хиёнат кардӣ ва имрӯз афсӯс мехӯрӣ. Муҳаммадалӣ, ки ба ҳайси сармуҳаррири рӯзномаи Наҷот, роҳбари дастгоҳ ва муовини раиси ТТЭ ҲНИ дар иртибот ба фаъолияти қабливу феълии тундрави ТТЭ  ҲНИ ҳамчун идеологи асосии ҳизб фаъолият дошт, оё бегуноҳ буда метавонад?.

Иштироку суханронии намояндагони гурӯҳҳои эктремистӣ террористии аз Тоҷикистон фирор карда, дар ҷаласаи САҲА бори дигар аз бемаърифатӣ, иғвогарӣ ва душмани миллат ва давлати Тоҷикистон будани онҳоро нишон дод.

Ба Созмони амнияти ҳамкорӣ дар Аврупо, ки ба анҷуман дар шаҳри Варшава моҳи сентябр баргузор гардид, ҳизбу харакатҳои ифротиро роҳ доданд, ба онҳо барои ифодаи андешаҳои ботил ва ифротӣ шароит муҳайё карданд изҳори нобоварӣ баён карда, фаъолияти минбаъдаи онро дар кишвар номуносиб меҳисобем.

Аъзои Шӯрои занони  КИ ҲХДТ

дар шаҳри Исфара

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>