Омӯзгор — нерӯи пешбар

Logo_001

Омӯзгор нерӯи пешбари ҷомеа буда,  ҷиҳати таълиму тарбияи насли ояндабунёди кишвар рисолати пурмасъул бар дӯш дорад. Ин нуктаро масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен ҳини мулоқот бо омӯзгорони ноҳия таъкид намуданд.

Дилфуза Саидхӯҷаева, мудири бахши кор бо занони кумиҷроия аз ташаббусҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ҷиҳати дастгирии намояндагони касби пурашарафи омӯзгор амалӣ карда мешавад, суханронӣ намуд. Вай гуфт, ки ҲХДТ меҳнати омӯзгоронро дар баланд бардоштани саводнокии ҷомеа қадр намуда, ҷиҳати арҷгузорӣ ва дастгирии онҳо пайваста тадбирҳои арзандаро роҳандозӣ мекунад.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар сафи ҲХДТ шумораи намояндагони касби омӯзгор кам набуда, онҳо дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб нақши муассир доранд.

Ба омӯзгорон аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен тӯҳфаҳои хотиравӣ ва сипоснома тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>