“Мо, ҷавонон — ҳомиёни ин Ватан”

1

Таҳти ана ҳамин унвон КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  аксия роҳандозӣ намуд, ки дар он наздик 200 нафар ҷавонон иштирок намуданд.

Бино ба иттилои масъулини кумиҷроияи шаҳр, ин иқдом бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон роҳандозӣ шуда, дар доираи он ба шаҳрвандон  варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд, ки муҳтавои асосиаш ҳимояи сулҳу оромиро фаро мегирифт: “Ҳифзи марзу буми кишвар, ҳимояи истиқлоли миллӣ ва хизмат дар сафи Артиши миллӣ қарзи муқаддаси ҳар шаҳрванд маҳсуб меёбад. Артиши миллӣ мактаби ҷасорат ва мардонагӣ буда, хизмат дар он ифтихор ва масъулияти ҷавонон аст”.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳимояи истиқлоли давлатиро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстии сокинон аз ҷониби масъулини ин ниҳоди сиёсӣ пайваста иқдомҳои зарурӣ роҳандозӣ мегардад, ки аксияи мазкур аз зумраи онҳост.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>