“Забони миллат — ҳастии миллат”

изображение_viber_2019-10-04_18-23-55

Ин унвони маҳфили илмӣ — адабӣ буд, ки бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва раёсати фарҳанги вилоят баргузор шуд.

Маҳфили адабӣ дар  толори  Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ доир гардид ва дар он доираи васеи олимону адибон иштирок намуданд.

Аминҷон Шарифзода, муовини Раиси КИВ ҲХДТ иштирокчиёнро ба муносибати рӯзи забони давлатӣ аз номи роҳбарияти кумиҷроияи вилоятӣ табрик гуфта, аз нақши забон ва аҳамияту зарурияти қабули Қонуни ҶТ “ Дар бораи забони давлатӣ” сухан гуфт.

“Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди тавонои сиёсӣ масоили марбут ба ҳифзи забонро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, дар ин самт ташаббусҳои шоистаро роҳандозӣ мекунад. Рушди забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллии мо пазируфта шудааст, аз ҳадафҳои муҳими барномавии ҲХДТ маҳсуб меёбад”.

Дар бораи мақоми забон дар давлатдории навини тоҷикон Муҳаббат Ӯрунбонва, муовини раиси  КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд суханронӣ намуда, перомуни “Масоили вобаста ба таърихи забони тоҷикӣ дар осори Пешвои миллат” аз ҷониби директори  Китобхонаи вилоятии оммави ба номи Тошхоҷа Асирӣ  Баҳрои Мирсаидов маърӯза шунида шуд.

Композитсияи адабӣ – мусиқӣ дар иҷрои хонандагони мактаби “Нурафшон” ба маҳфил ҳусни дигар эҳдо намуд.

Китобдорони фаъол бо сипоснома ва тӯҳфаҳо қадршиносӣ шуданд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>