Деваштич: ташаббуси шоиста

IMG_20191004_152855

Бахшида ба рӯзи касбии омӯзгорон бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич 5 нафар собиқадорони соҳаи маориф аёдат шуданд.

Исмоилиён Комрон, раиси кумиҷроияи ноҳияи Деваштич дар бораи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, ки ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва дастгирии намояндагони қишри пешбар — омӯзгор нигаронида шудааст, таъкид намуд.

“ҲХДТ хидматҳои собиқадоронро қадр намуда, аёдати онҳоро на танҳо дар арафаи ҷашну  рӯйдодҳои муҳим ба роҳ мемонад, балки ин иқдом маҳаки асосии фаъолияти ҲХДТ — ро ташкил медиҳад”, — гуфт раиси кумиҷроия.

Ҳамзамон, дар доираи таҷлил аз рӯзи омӯзгор масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич ба як қатор устодони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия тӯҳфаҳо дастрас намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>