«Роғун» — сарнавишти имрўзу фардои миллат

Logo_001

Истиқлолият барои мо  имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва  пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Чи тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Истиқлолияти давлатӣ арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолори тоҷик буда, барои бунёди давлатдории навин, рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ,  иҷтимоиву ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ заминаи боэътимод фароҳам овардааст”. Дар ҳақиқат, Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодиёти ватанӣ шароити хуб фароҳам овард. Ҳадафҳои олие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта буд, тадриҷан  амалӣ гардида истодаанд ва он рўз дур нест, ки Тоҷикистон дар радифи мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон қарор бигирад.

Имрўзҳо ҳангоми сафар ба ҳар гўшаву канори кишвар, шоҳиди он мегардем, ки корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад. Мардуми сарбаланди тоҷик бо дили гарм, бо шукргузорӣ аз истиқлолияту озодӣ ва тинҷиву оромӣ кору зиндагонӣ намуда, баҳри рушди кишвар саҳми босазо мегузоранд. Роҳҳои ободу ҷавобгў ба меъёрҳои байналмилалӣ, ба истифода дода шудани биноҳои нави корхонаву муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва тандурустиву варзишӣ бозгӯи ин гуфтаҳо ҳастанд. Эълон гардидани “Солҳои 2020-2021” Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  равобити минтақаҳоро боз ҳам мустаҳкам намуд ва мардуми кишвар дар тамоми фасли сол метавонанд  ба ҳар гўшаи диёри нозанин сафар намоянд. Ин омил  имкон фароҳам овард, ки сатҳи зиндагии мардум беҳтар ва дўстиву муҳаббат ва ваҳдату ягонагии онҳо қавӣ гардад.

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дастури Пешвои миллат дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо  бунёди иншооти бузурги гуногун ба нақша гирифта шудаааст ва дар ин Ҷабҳа корҳои созандагӣ босуръат ҷараён дорад  ва дар ин маъракаи муҳими ободкорӣ  мушоҳида мегардад, ки пиру барно, соҳибкорону саховатмандон талошу пайкор доранд.  То таҷлили ин ҷашни бузург Тоҷикистон ба гўшаи зебои дунё мубаддал хоҳад гашт. Дар ин замина, 9 сентябри соли равон  ҳодисаҳои фараҳбахш дар кишвар ба амал омад. Бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  чархаи дуюми НБО-и «Роғун» фаъол гардид. Ин ҳодисаи муҳими таърихӣ дар ВАО-и бонуфузи байналмилалӣ ба таври фарогир инъикос гардид ва бори дигар исбот шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устуворро дар рушди давлатдорӣ гузоштааст. Дар ВАО – и ҷаҳон муаррифӣ гардидани Тоҷикистон ҳамчун кишвари тавлидкунандаи неруи барқи аз ҷихати экологӣ тоза боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонист.   Гарчанде ки сохтмони ин иншоот дар замони Шўравӣ оғоз гардида буд, он бо сабабҳои маълум қатъ гардид. Дар замони соҳибистиқлолӣ   аксари мардум ба бунёди ин иншооти бузурги аср бовар надоштанду онро афсонае беш намедонистанд.  Бо ташаббусу таваҷҷуҳи  Пешвои миллат  корҳои сохтмонӣ дар марҳалаи вазнин оғоз шуда, боварию эътимоди мардум бештар гардид ва Ҷараёни корҳои сохтмонро Пешвои миллат ба таври пайваста назорат менамоянд. Натиҷаи ҳамин заҳматҳову фидокориҳои Пешвои миллат аст, ки имрўз афсона ба ҳақиқат табил ёфтаву мардуми тоҷик ба ояндаи шукуфони кишвар боварии комил пайдо намудаанд.  «Роғун» макони нур буда, баробари ба фаъолияти пурра шурўъ кардани он зиндагии мардум боз ҳам беҳтар хоҳад гашт. «Роғун» иншооти тақдирсози миллат ва дастоварди бузурги давлати соҳибистиқлоли мо ба ҳисоб меравад.  Иншооти мазкур на танҳо кишвари азизамонро бо барқ таъмин менамояд, балки мамлакатҳои ҳамсоя ба василаи бунёди ин неругоҳ бо барқи аз Ҷиҳати экологӣ тоза таъмин мегарданд, ки ин, аз як тараф, ба сохтмони корхонаҳои азими саноатӣ замина фароҳам меорад, аз ҷониби дигар, иқтисодиёти кишвар рушд мекунад ва зиндагии мардум беҳтар мегардад. Яке аз ҳадафҳои Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръати кишвар ба ҳисоб меравад, ки ба бунёди ин иншооти аср иртиботи қавӣ дорад. Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ соҳаи эенергетика дар мадди аввали назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин давра баҳри таъмини аҳолӣ  бо неруи барқ корҳои шоиста ба анҶом расонида шудааст  ва мардуми тоҶик дар чор фасли сол бо барқ таъмин мебошанд. Дарвоқеъ, боиси сарфарозист, ки коргарони ин сохтмони бузург аксаран мутахассисони тоҶик мебошанд.

Пешвои миллат зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи чархаи дуюми НБО-и «Роғун» таъкид карданд, ки «Бо мақсади рушди соҳаи энергетика ҳоло бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16 миллиард сомонӣ идома дошта, дар доираи онҳо то ба имрўз 7,6 миллиард сомонӣ аз худ гардидааст». Воқеан ҳам, Тоҷикистон кишвари биҳиштосо ва обҳои мусаффои он манбаи асосии неруи барқ мебошанд.

«Роғун» арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик, заминаи боэътимоди рушди тамоми соҳаҳои кишвар ва таъминбахши зиндагии шоистаи мардум маҳсуб меёбад.

Мо — ҳизбиён ва аҳли ҷомеаро мебояд дар татбиқи ҳадафҳои олии созандаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ камари ҳиммат бибандем ва дар шукуфоии бештари Ватани азизамон саҳми босазо гузорем.

Мутриба БОБОҶОНОВА,

мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ

 ва робита бо ҷомеаи КИ ҲХДТ

дар вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>