Аз гузашта бояд ибрат гирифт

ФОТО АНДЕША

Оре, гузашти рӯзгор ибратест фардоро. Ҳар як инсони асил набояд гузаштаи миллати хеш, қавми хеш ва наздикону пайвандонро фаромӯш созад. Зеро бе гузашта имрӯзро наметавон дид. Ояндаро низ наметавон интизор шуд. Ҳар як кору амале, ки шуда мегузарад, барои инсон таъсири хубе ё баде мегузорад, хурсанд ё андӯҳгин мегардонад. Ба пешравӣ ноил мегардонад ё баръакс. Аз ҳамаи он, инсон дарси ибрат мегирад, ки он дарсест,  ба ягон макотибу ба ҳеҷ омӯзгору китобе рабт надорад. Он дарси ибрат аст, ки новобаста аз гузашти айём, новобаста аз қобилияти фикрии муҳит дар ёди инсони комил нақш мебандад. Гузашти рӯзгор кони хираду маданият ва ибрату покизагист, ки тарбиятгари ҳамагон аст. Ҳар як лаҳзаи он омӯзандаи алфози наву гуногунмаънист, ки албатта онро инсони бузургдилу андешаманд метавонад эҳсос намояд.

На ҳар кас метавонад соҳибақл бошад. На ҳар фард метавонад хубро аз бад, некро аз зишт, дӯстро аз душман ва тарбияро аз таънаву маломат фарқият бахшад.

Хушбахтона имрӯз тоҷиконро шахсе сарварӣ мекунад, ки  бузургдилу андешаманд аст. Аз он рӯзе, ки ба сари қудрат Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омаданд, миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул — гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар як фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ, Ваҳдату Сулҳ падидор аст. Он дарахте, ки Президентамон ба Сулҳу Ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширини бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо- тоҷикон фахр кунем.

Ба хотир оред воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро дар чӣ ҳолат қарор доштем, ин марди Худо сабаб гардид, ки кишвари парокандашудаистода сарҷамъ гардад. Зиёда як миллион нафар гурезагон ба Ватан баргардонида шуд. Магар ин қаҳрамонӣ нест? Ҳоло шаҳрвандони кишвар сиёҳро аз сафед ҷудо карда метавонанд.

Имрӯз як хабарнигори хориҷӣ, ки Мирзои Салимпур ном дорад дар хориҷи мамлакат истода мехоҳад, сиёсати давлатро барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёҳ кунад, суханони қабеҳу фитнаангезро паҳн кунад.

Вақтҳои охир сомонаи «Ахбор.ком» амалан ба пойгоҳи иттилоотии иғвогаронаи Муҳиддин Кабирӣ табдил ёфтааст. Новобаста аз он, ки чандин дафъа иттилоотрасонии зиёновари ӯ ифшо гаштааст, боз ҳам дар тафсири воқеаву рӯйдодҳои ҷумҳурӣ назари якҷониба ва манфиатталабона дорад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки сарпарасти молии «Ахбор.ком» наҳзат буда, ин сомона ҳамчун ҷузъи сохтори матбуотии ТТЭ ҲНИ ва Паймони ба ном миллӣ бар зидди манфиатҳои миллии Тоҷикистон фаъолият мебарад. Мирзои Салимпур бошад, ба ҳайси сухангӯйи ин хоинони Ватан вазифаи бешарафонаро адо мекунад.

Лекин ба ин нигоҳ накарда, мо мардуми шарифи Тоҷикистон бояд ахбори дурустро аз дурӯғ ва сафсата ҷудо намоем. Хабаре, ки барои дасиса, нооромӣ ва тезиву вайронкорӣ даъват менамояд, он аз манъбаҳои беэътимод аст, дурӯғ ва моли душманони давлат ва миллати тоҷик мебошад.

 

Аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”–и КИ ҲХДТ дар ш.Хуҷанд   

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>