“Дарҳои кушод” дар қисми низомӣ

4

Бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар қисми ҳарбии 3501-и шаҳри Хуҷанд рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд.

Ин иқдом бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, ки аз ҳадафҳои аслии ҲХДТ маншаъ мегирад, амалӣ шуда, дар он зиёда аз 120 нафар ҷавонон, намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан”, 25 нафар волидон ва бонувони фаъоли ҳизбӣ иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда дар ҳимояи истиқлоли миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва ҳифзи сулҳу ваҳдат нақши муассир дошта, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар рисолати инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҷавонмардон аст.

Гуфта шуд, ки Артиши миллӣ муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт буда, маҳз дар ин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ меомӯзанд.2

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>