Узви ҲХДТ будан шараф аст!

72070739_2162914034010418_8055258434058059776_n

Конфронси 5 — уми ҳисоботӣ интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Истиқлол» доир шуд.

Ҳисоботи кумитаи иҷроияи ибтидоӣ шунида шуда, перомуни дастовардҳои ин ташкилоти ибтидоӣ маълумот дода шуд.

Ҳамроҳхон Атаева, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Истиқлол» доир ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки узви ин ниҳоди тавонои сиёсӣ будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан мебошад.

Ҳамзамон, вакилони конфронс ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Истиқлол», комиссияи тафтишотии кумита ва вакилони конфронси 22-юми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷандро интихоб ва тасдиқ намуданд.

Бахтиёр Исматҷонов, роҳбари дастгоҳи кумиҷроияи вилоятӣ ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд перомуни ғояҳои созандаи ҳизб суханронӣ намуда, ташаббусу иқдомҳои ҳизбиро ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум таъкид намуданд.

Ба як қатор фаъолони ҳизб сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>