Чинакчиёни беҳтарин муайян шуданд

Дар хоҷагии деҳқонии “Юсуфзода”- и ҷамоати деҳоти Ёва бо чинакчиён мулоқот доир гардид.
Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир ба сифатнок иҷро намудани нақшаи ҷамъоварии пахта сӯҳбат намуда, саҳми аъзои ҳизбро дар ғунучини ҳосили “тиллои сафед” таъкид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар хоҷагии деҳқонии “Юсуфзода” 200 нафар ҳашарчиён аз ҳисоби занон, аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Шӯрои собиқадорон, соҳибкорон ҷамъ омада, ба ҳисоби миёна ҳар як нафар 65 кг пахта чида, ба хирмани пурбори мамлакат супорида истодаанд.
Ба чинакчиёни беҳтарин сипоснома ва тӯҳфаҳои КИВ ҲХДТ супорида шуд.
Чунин мулоқот дар дигар хоҷагиҳои деҳконӣ низ идома дорад.
Добавить комментарий