Ҷавонон –нерӯи пешбари ҷомеа

Намояндагони ТҶҶ “ Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо як гурӯҳ ҷавонон мулоқот намуда, дар бораи фарҳанги истифодабарии технологияҳои муосир сӯҳбат намуданд.
Гуфта шуд, ки бархурдор будан аз фарҳанги кор бо воситаҳои иртиботӣ омили муҳими мубориза бо таҳдидҳои муосири ҷаҳонӣ аст.
Аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро оқилона истифода намуда, дар мубориза бо зуҳуроти номатлуб ҳамчун нерӯи пешбари ҷомеа фаъол бошанд.
Добавить комментарий