ҲХДТ: ҳифзи марзу буми кившар дар меҳвари фаъолият

20191010_105328

Намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ моҳияти хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро зимни вохӯрӣ бо як  гурӯҳ волидон шарҳ доданд.

Гуфта шуд, ки Артиши миллӣ мактаби ҷасорат буда, хизмат дар он қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмарди асил аст.

“Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масоили марбут ба ҳифзи марзу буми кившарро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, пайваста ҷиҳати баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон тадбирҳои имконпазирро амалӣ мекунад”- таъкид шуд дар мулоқот.

Аз падару модарон даъват гардид, ки ҷиҳати таъмини хизмати фарзандон дар сафи Артиши миллӣ мусоидат намуда, онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ тарбия намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>