Терроризм ва экстремизм — вабои аср

1

Бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Истаравшан дар як қатор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мулоқот доир шуда, масоили умдаи ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муътабар Раҳматова, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан перомуни самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҳадафҳои муҳими ин ниҳоди сиёсиро, ки ба таъмини зиндагии шоистаи мардум роҳандозӣ шудааст, шарҳ дод.

Оид ба пешгирии шомилшавии  ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ки дар меҳвари фаъолияти ҲХДТ қарор дорад, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ибрози назар намуд.

Таъкид шуд, ки ҷавонон нерӯи пешбари ҷомеа буда, дар раванди бадалшавии идеологияҳо зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар мубориза бо зуҳуроти номатлуб фаъол бошанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>