Терроризм – вабои аср

DSC_7545

Таҳти ин унвон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 –и ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт бо иштироки аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” мулоқот баргузор гардид, ки дар он  омилҳои асосии шомилшавии ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротӣ  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Рӯзиматов Дилшод, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт перомуни таҳдидҳои муосири раванди ҷаҳонишавӣ  суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти кишварҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ пеш овардааст.

“Ҷавонон – нерӯи пешбарандаи ҷомеа буда, ин қишри ояндасозро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар атрофи ғояҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид ва ҷиҳати пешгирии пайомадҳои нохуши зуҳуроти номатлуб мубориза баранд”- таъкид шуд дар мулоқот.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>