“Солимии оила – солимии ҷомеа”

IMG_20191011_161012

Таҳти чунин унвон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар толори ташкилоти ибтидоии коллеҷи технологӣ бо иштироки як қатор оилаҳои ҷавон мулоқот баргузор гардид.

Омилҳои пойдории оила, фарҳанги оиладорӣ ва пешгирии  ҷудошавии оилаҳо зимни ин вохӯрӣ баррасӣ шуда, иқдомҳои ҲХДТ ҷиҳати таҳкими оиладорӣ таъкид шуд.

Ҷуфти собиқадор, оилаи намунавии шаҳр табибони ҳозиқ Аюби Бобозод ва Садриддинова Фароғатхон дар бораи маърифати оиладорӣ ибрози назар намуда, рукнҳои пойдории оиларо шарҳ доданд.

Таъкид гардид, ки якдигарфаҳмӣ ва боварӣ омили асосии мустаҳкамии оила буда, зиндагӣ аз инсон таҳаммулпазириро тақозо мекунад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>