ЗЕБОИОФАР

IMG_20191017_155930

«Панҷ панҷааш ҳунар», «Дастони ӯ гул», “Бонуи ҳунар”… Ин таъбирҳоро мардуми шаҳри Истаравшан ба Махфират Адҳамова нисбат медиҳанд. Бонуе,  ки маънии зиндагиашро дар ҳунар мебинаду аз ҳунар меҷӯяд.

Қаҳрамони ин матлаб нафарест, ки мӯъҷизаи дастонаш садҳо маъракаи тоҷиконаро ҳусну зебоӣ мебахшанд. 72-сола аст ӯ. Ба гуфти худаш, ҳар қадар ба синни вай соле зам мешавад, ҳамон андоза муҳаббаташ нисбат ба ҳунар зиёд мегардад.

Атрофиён аз ӯ ҳамчун намоди беҳтарин бонуи тоҷик ном мегиранд: модари меҳрубон; ҳунарманди зебоиофар; омӯзгори асил…

Рисолати будан барои вай ҳунар аст. Худи Махфират Адҳамова низ мегӯяд, ки мазмуни зиндагиро дар ҳамин ҳунар мебинад.

“Аз нӯги сӯзан зебоӣ офаридан, аз пораи матоъ ҷомае дӯхтан… барои ман ҳамин аст фалсафаи зиндагӣ”, – мегӯяд холаи Махфират.

Дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан даҳҳо нафар ба шарофати қаҳрамони мо аз нозукиҳои ҳунарҳои миллӣ бархурдор ҳастанд. Масъулини ин муассисаи таълимӣ низ мегӯянд, ки то кунун садҳо нафар аз баракоти ин бонуи ҳунар бо нони ҳунармандӣ зиндагиро пеш мебаранд, ба қавле, “ҳар куҷо бошанд, сарфарозанд”.

Мисле ки Махфират Адҳамоваро барои ҳунар офарида бошанд, ӯ ҳанӯз аз кӯдакӣ ба олами ҳунар ворид буд. Дастони мӯъҷизаофараш ҳамаи намунаи ҳунарҳои миллии тоҷиконаро қодиранд: адрасу атласбофӣ, кашидадӯзиву сӯзанидӯзӣ, мӯҳрадӯзӣ, дӯхтани чакану рӯймол ва дигар лавозимоти рӯзгор…

Ҳунар барои ӯ меросӣ аст ва қаҳрамони мо низ мекӯшад, то анъанаҳои миллии тоҷиконаро ба наслҳои оянда мерос гузорад. Ҳоло духтарони холаи Махфират низ дар олами ҳунар ҷилва менамоянду бо офариниши намунаҳои ҳунарҳои миллӣ машғуланд.

“Ҳунарҳои мардумӣ дар таърихи ҳар миллат далели ҳастӣ ва тасдиқи мавҷудиятанд. Ба маънии дигар гӯем, айнан мисли он ки шахсияти инсонро шиноснома тасдиқ мекунад, ана ҳамин ҳунарҳои мардумӣ низ шиносномаи миллатҳо мебошанд”, – мегӯяд Махфират Адҳамова.

Шиори зиндагиашро қаҳрамони мо дар таъбири маъмулии “Ҳунар беҳ аз ганҷу зар” унвон мекунад. Мегӯяд, ки ҳикмати амалии ин ва чанд мақоли маъруф, аз ҷумла “ҳунар аз ганҷи Қорун беҳ” ва “тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол”-ро дар зиндагӣ борҳо шоҳид буда…

 

Дипломдор ва ҳунарманд

Ӯ аслан аз рӯи ихтисос омӯзгор аст. Маълумоти олӣ дорад. Вале ҳамоно аз офаринишу эъҷози ҳунарҳои миллӣ канор буда наметавонад.

Соли 1996 Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Хуҷандро хатм намудааст. Ба андешаи ӯ, барои зан – модар, ки рисолати бузургеро ба дӯш дорад, бархурдор будан аз олами ҳунар омили муҳим ва шарти асосӣ аст.

Муаррихон мегӯянд, ки аслан асилтарин ҳунармандон маҳз аз табори тоҷикон буданд. Миллати тоҷик аз азал ба ҳунар арҷ мегузошту ҳунардӯстдор ва ҳунарофар буд. Афзалияту бартарияти қаҳрамони ин матлабро атрофиён дар фаҳмишҳои волояш унвон мекунанд, ки дар баробари маълумоти олӣ ҳунарро дар зиндагӣ муҳим медонад.

Ҳикмати амалии ин нуктаро аз шогирдонаш дидан мумкин аст, ки ҳама соҳиби маълумоти олӣ ва ҷойи кор ҳастанду ҳамоно бо ҳунармандӣ машғул.

Мижгона Шукурова хабарнигори нашрияи “Паёми Истаравшан” аст. Ӯ мегӯяд, ки шогирди Махфират Адҳамова будан на танҳо ифтихор, балки масъулият низ ҳаст.

– Махфират Адҳамова ба шогирдон на танҳо аз нозукиҳои ҳунарҳои миллӣ ҳарф мегӯяд, балки одамият ва дарси зиндагиро низ меомӯзад. Пайроҳаи зиндагии ин ситораи олами ҳунар намунаи ибрат ва пайравист, – мегӯяд Мижгона.

Ҳамсӯҳбати мо аз садҳо танҳо як нафар шогирди Махфират Адҳамова аст, ки имрӯз, баробари фаъолияти меҳнатӣ, ҳамоно намунаҳои зебои ҳунарҳои миллиро эҷод мекунад.

Мижгона мегӯяд, ки холаи Махфиратро дар шаҳри Истаравшан “пири ҳунар” мегӯянд. Новобаста аз он ки ӯ собиқаи зиёди корӣ дорад, ҳамоно аз ҳунар дур буда наметавонад. Соҳиби оилаи солим ва шароити мусоиди зиндагӣ аст ӯ, вале, ба қавле, то ҳол сӯзан дар дастонаш гул меофарад.

Бо он ки қаҳрамони мо аз ҷиҳати иқтисодӣ мушкиле надорад, имрӯз низ дар синни 72-солагӣ роҳ сӯйи Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан мегирад.

Мегӯянд, ки дар шаҳри Истаравшан маъмулан ҷавондухтарон талош мекунанд, то ҷиҳози арӯсиашонро маҳз холаи Махфират омода намояд. Сабаби маҳбубияти маҳсули дастони қаҳрамони моро дар як чиз медонанд: муҳаббати Махфират Адҳамова ба ҳунар, ки ӯро дар олами ҳунар мақоми арзанда насиб намудаву маҳсули дастонаш серталабгор.

 

Дастони гулофар

Дар бораи онҳое, ки маҳсули дастонашон “мӯъҷиза”-ро мемонад, маъмулан мегӯянд: “дасти одамизод гул”.

Ҳини сӯҳбат бо шогирдон ва онҳое, ки аз ҳунари Махфират Адҳамова баҳраманд шудаанд, ин таъбир чандин бор садо дод. Як нафар аз ҳаводорони ҳунари қаҳрамони мо дар сӯҳбат ба нашрияи “Сухани халқ” гуфт, ки маҳсули дастони гулофари холаи Махфират чашми бинандаро тасхир мекунад.

Воқеан, зимни дидан аз намунаҳои ҳунарҳои миллӣ, ки ба Махфират Адҳамова мансубанд, бинанда дарк мекунад, ки сӯзану ришта дар дастони ӯ бо муҳаббат истифода мешаванд. Ба ибораи дигар, ҳар коре, ки бо муҳаббат иҷро мешавад, эъҷозро мемонад ва тасхиркунанда аст.

Дорандаи даҳҳо ифтихорномаву сипоснома, ғолиби чандин озмун ва иштирокчии фестивал-намоишҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ аст қаҳрамони мо. Борҳо чакидаҳои дастонаш дар кишварҳои хориҷ миллати тоҷикро муаррифӣ намудаанду дар дохил нигоҳи сайёҳонро асир…

– Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом шудани солҳои 2019–2021 барои ҳунармандон илҳоми тоза эҳдо намуд”, – мегӯяд Махфират Адҳамова.

Ӯ аз он меболад, ки имрӯз ҷиҳати рушди соҳаи ҳунармандӣ тадбирҳои арзанда амалӣ мегарданд. Аз андоз озод шудани соҳаи ҳунарҳои миллиро қаҳрамони мо ғамхории алоҳида мешуморад. Мегӯяд, ки рушди соҳаи ҳунарҳои миллӣ ба пешрафти сайёҳӣ таъсири бузург дорад.

– Таваҷҷӯҳи сайёҳон маъмулан ба ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллӣ нигаронида мешавад. Онҳое, ки аз Тоҷикистон дидан мекунанд, нахуст мехоҳанд, аз урфу одатҳои миллии тоҷикона огоҳ гарданд. Дар ин асно инъикоси анъанаҳои сирф тоҷикона дар намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ҷиҳати рушди устувори иқтисодии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад, – андеша дорад холаи Махфират.

 

Мафтуна ИСМОИЛОВА,

“Сухани халқ”

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>