ЗИЁДА: тавонгарӣ ба ҳунар аст…

IMG_20191018_091409

“Гӯётарин узви инсон даст мебошад, ки тавассути он ақл, идрок, андеша, ҷаҳонбинӣ ва тасаввурот ба воситаи ҳунар рӯи кор меоянд”, — қайд кардааст бузурге. Дурустӣ ва воқеияти ин нуктаро намунаҳои маҳсули дастони муъҷизаофари ҳунармандон тасдиқ мекунад.

Ҳанӯз ду — се даҳсоли гузашта ҳунарҳои миллии тоҷикӣ, ки имрӯз шуҳрати ҷаҳониро касб намудаву миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ мекунанд, дар гӯшаи фаромӯшӣ буданд. Ин аст, ки муаррихон эҳё ва шуҳрати кунунии ҳунарҳои мардумии тоҷикро дастоварди замони истиқлол унвон мекунанд.

Ин ки имрӯз намунаҳои ҳунарҳои миллии тоҷикӣ подиумҳои ҷаҳониро оро медиҳанду дар фестивалу чорабиниҳои сатҳи байналмилал ба намоиш гузошта мешаванд, чанд сол муқаддам афсонаро мемонд. Ҳамакнун ҳунармандони тоҷик либоси миллии тоҷиконаро бо навгониҳои муосир аз нав эҳё мекунанду арзишҳои миллиро муаррифӣ.

Ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил шудани чакан – навъе аз либосии милли тоҷикона шуҳрати ҷаҳонии ҳунарҳои миллии тоҷиконаро бозгӯ мекунад.

Зиёда Муҳаммадиева, ҳунарманди ҷавон, ки эъҷози дастонаш даҳҳо фестивалҳои дохилу хориҷи кишварро оро додаанд, дар сӯҳбат ба “Сухани халқ” аз омилҳои муҳими эҳёи ҳунарҳои миллӣ гуфту дар бораи зинаҳои муваффақияти худ нақл намуд…

 

“Сухани халқ”: Дар урфият мегӯянд, ки ҳунарманд ҳар куҷо бувад сарфароз.  Сарфарозиҳои худро аз ҳунар мегуфтед…

Зиёда: Воқеан дуруст мегӯянд. Ҳикмати амалии ин нуктаро дар зиндагӣ борҳо шоҳид шудам. Зиндагӣ собит намуд, ки ҳунар инсонро аз мӯҳтоҷ будан нигоҳ медорад, ҳунарманд ҳеҷ гоҳ дастнигар намемонад. Ҳунар аст, ки инсонро соҳиби обрӯву нуфуз ва эҳтиром мегардонад.

Вақте маҳсули дастони инсон ба нафаре шодӣ мебахшад, маъракаеро обод мекунад ва маҳфилеро оро медиҳад, барои ҳунарманд аз ин дида сарфарозии баландтар мавҷуд буда наметавонад. Ҳунарманд дар ҳар гӯшаи дунё метавонад бо меҳнати худ ва муъҷизаи дастонаш қути лоямут ёбад ва зиндагиашро пеш барад. Ҳамин аст, ки ҳунар инсонро сарфароз месозад.

“Сухани халқ”: Солҳои 2019 — 2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом гардид. Ҳамчун як ҳунарманд ин иқдомро чӣ гуна қабул намудед?

Пеш аз ҳама, эълон шудани сесолаи рушди ҳунарҳои мардумӣ ин нишон аз таваҷҷуҳ ба намояндагони соҳаи ҳунар аст. Аслан ҳама гуна таваҷҷуҳ ба инсон фараҳ мебахшад. Ва агар таваҷҷуҳ боз дар пай имтиёзу имконоти бештар дунбол орад, шоистаи таҳсинҳост. Эълом шудани соли 2019 – 2021  солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ барои ҳунармандон як қатор имтиёз овард. Озод шудани ҳама гуна номгӯйи ҳунарҳои миллӣ аз андоз ташаббуси арзандаи Пешвои муаззами миллат буд, ки сари ҳунармандон аз он ба фалак расид… Ҳамчун як ҳунарманд гуфта метавонам, ки ин иқдом ҷиҳати рушди соҳаи ҳунарҳои мардумӣ нақши муассир гузошта истодааст.

“Сухани халқ”: Ҳунар барои шумо меросӣ аст ва ё

Меросӣ аст. Ман дар оилаи ҳунарманд таваллуд шудаам. Модарам дӯзанда ва модаркалонам қуроқдӯз буданд. Ба таври дигар гӯем, олами ҳунар маро аз кӯдакӣ фарогир буд. Мехоҳам, ҳунарҳои миллии тоҷикӣ аз насл ба насл ҷовидон мерос бимонад. Ҷиҳати аз олами ҳунар бархурдор будани фарзандонам низ кӯшиш дорам.

 “Сухани халқ”: Ба андешаи шумо, барои ҳунарманди асил будан кадом омилҳо шарти зарурист?

Муҳаббат ба касб. Аслан кадом соҳае набошад, бидуни шавқу ҳавас инсон комёб буда наметавонад. Аз рӯйи “маҷбурият” низ ҳунарманди асил ва муваффақ шудан ғайриимкон аст. Ба таъбири дигар, “маҷбурӣ” ва ё тасодуфӣ ба олами ҳунар ворид шудан инсонро музаффар намесозад. Танҳо муҳаббат ба касб метавонад ҳунармандро ба комёбиҳо ноил гардонад.

“Сухани халқ”: Ҳунар барои шумо чист: касб, шуғли дӯстдошта ва ё манбаи даромад?

Шуғли дӯстдошта. Алъон дар Ҷамоати деҳоти Ниҷонии шащри Истаравшан ҳамчун мутаххассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа фаъолият дорам. Бо ҳунармандӣ баъд аз кор ва рӯзҳои истироҳат машғул мешавам. Бидуни ҳунар зиндагиамро тасаввур карда наметавонам. Ягон рӯзи ман бе истифодаи сӯзану ришта сипарӣ намешавад, зеро ман аз офариниши намунаи ҳунарҳои миллӣ энерҷӣ мегирам.

“Сухани халқ”: Зиёда, медонем, ки баробари фаъолияти корӣ ва ҳунармандӣ, инчунин таҳсили худро дар факултаи филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафурков идома дода истодаед. Дар як вақт ҳам кор, ҳам таҳсил ва ҳам ҳунарманд будану оиладорӣ душвор нест?

Баъзан душворӣ пеш меорад, аммо роҳат маҳз аз меҳнат муяссар мешавад. Ва маълум аст, ки бидуни ранҷ ганҷ муяссар намешавад.

Дар ҷавонӣ зеҳни одам хуб аст ва мо бояд ин нерӯро самаранок ва ғанимат истифода барем.

 “Сухани халқ”:  Зарурияти идомаи таҳсил аз ҷониби шумо дар чӣ буд?

Барои зан — модар, ки рисолати тарбияи фарзандро бар дӯш дорад, маълумоти мукаммал доштан омили муҳим аст. Таҷрибаи зиндагӣ низ борҳо собит намудааст, ки маҳз модари босавод метавонад фарзанди нек тарбия кунад. Ин ки ояндаи миллату давлат аз насли ҷавон вобаста аст, босавод ва маълумотнок будани бонувон тақозои муҳими замон мебошад. Сабаби давом додани таҳсилам низ ҳамин аст, ки саводнокии худро баланд бардошта, ҷиҳати тарбияи фарзандон дар руҳияи худшиносиву маърифатпарварӣ комёб гардам.

“Сухани халқ”: Зиёда, номгӯйи ҳунарҳои мардумӣ кам нест. Муаррихон наздик 50 навъи ҳунарҳои миллиии тоҷикиро номбар мекунанд. То ҷое медонем, шумо ба чакандӯзӣ бештар майл доред. Омили асосии таваҷҷуҳи зиёди шумо ба ин намуди ҳунари миллӣ дар чист?

Дуруст аст, ки ҳунарҳои милии тоҷикӣ зиёданд. Чакан як навъ гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст. Маъмулан ҳунармандон болои шоҳии сафед, сурх, зард, сабз, сатини сурх ва сафед бо риштаҳои рангин гулдӯзӣ мекарданд. Махсусияти чакан дар он аст, ки нақшу нигори ин гулдӯзӣ таърихи ҳазорсолаи мардуми тоҷикро таҷассум мекунад. Ҳар як нақшу нигори болои чакан ба худ маъние дорад ва анъанаҳои неки ниёконро мунъакис месозад.

“Сухани халқ”: Воқеан маълум аст, ки тобиш додан ба рангҳо ва ба ҷилва овардани онҳо кори нозукест, ки на ба ҳар ҳунарманд даст медиҳад. Мегуфтед, ки барои дӯхтани як либоси чакан чӣ қадар вақт масраф мешавад?

Зиёда: Ба ҳисоби миёна як ҳафта лозим меояд. Зеро чакан нозукиҳои зиёд дорад ва дар ҳар нақшу нигори он ифода намудани як маъно ва ё оинҳои миллӣ аз ҳунарманд маҳорату авқот талаб мекунад.

“Сухани халқ”: Арзиши дӯхтани чакан чӣ қадар аст ва ба ин намуди либоси миллӣ бештар кадом қишри ҷомеа таваҷҷуҳ доранд?

Зиёда: Аз 100 сомон то 1500 сомон. Ба чакан аслан тамоми қишрҳои ҷомеа таваҷҷуҳ доранд. Шуруъ аз духтаракони хурдсол то калонсолон. Аммо маъмулан ҷавондухтарони синни арӯсӣ ба чакан афзалияти бештар мегузоранд.

“Сухани халқ”: Аз он ки идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид — Юнеско чаканро ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримодии Башарият шомил кард,  чӣ эҳсос шуморо фаро гирифт?

Зиёда: Ифтихор аз тоҷик ва аз Тоҷикистон будан. Эҳсоси фахр аз мансубият ба табори тоҷикон, ки аз азал ба ҳунар муҳаббат доштанду доранд.

“Сухани халқ”: Маълум аст, ки олами мӯд пешгӯинашаванда аст ва раванди ҷаҳонишавӣ ба он бетаъсир намемонад. Ҳамчун ҳунарманд барои бо усули муосир омода намудани чакан аз кадом воситаҳо истифода мекунед?

Зиёда: Ростӣ, интизор будам, ки ҳамин суолро кай медиҳед. Бо назардошти он ки либоси миллии чакан либоси рӯзмарра ва корӣ нест, дар либосҳои аврупоӣ низ, ки бонувони мо ба он таваҷҷуҳи бештар доранд, аз гулдӯзиҳои чакан истифода менамоям. Имрӯз дар мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои иҷтимоӣ ва сохторҳои гуногун бонувони тоҷик либоси расмӣ — коргузориро бо ороиши намунаҳои чакан ба бар доранд ва барои рушди кишвар фаъолият мебаранд.

 “Сухани халқ”: Воқеан вақтҳои охир ҳангоми гаштугузор дар хиёбонҳои шаҳр мушоҳида мешавад, ки чакан на танҳо дар либоси аврупоӣ, балки дар ҷиҳози гуногун низ мавриди истифода аст. Ба монанди  ҷузвдон ва ҳатто пойафзол ва ин албатта, хушоянд аст.  Зиёда, чӣ илова ва чӣ гуфтанӣ доред?

Зиёда: Дар охир мехоҳам аз мисраъҳои маъмулии Носири Хусрав ёдовар шавам, ки гуфтааст: тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол. Лиҳозо, аз сокинони сарбаланди кишвар даъват менамоям, ки ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумии тоҷикӣ саҳмгузор бошанду ба анъанаҳои неки тоҷикона арҷгузор.

Мафтуна ИСМОИЛОВА

“Сухани халқ”

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>