Рушди сайёҳӣ – кафили пешрафти давлат ё чанд андеша ва пешниҳодот перомуни рушди соҳа

001

Агар дар бораи ягон ёдгории таърихии ин ё он кишвари мутараққӣ маълумот хоҳем, ин мушкили моро интернет дар зудтарин фурсат ҳал мекунад. Ҳатто метавон дар бораи кӯчактарин мавзеъҳои сайёҳӣ дар ин шабакаи ҷаҳонӣ маълумоти фаровон ба даст овард.

Чаро махзани интернет оғози сухани ман гардид?

Бақарибӣ азми сафар ба пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе доштам. Дар автовокзали шаҳри Хуҷанд чанд муддат мунтазири ба ҳаракат даромадани сабуксайр будам. Таксие, ки қарор доштам, дохили як иншооте меистод, ки онро аз як тараф девори баланди похсагии ғайриоддӣ иҳота мекард. Ин ҳамон девори қадимаи шаҳри Хуҷанд аст, ки таърихи на камтар аз 300 — сола дорад. Қисме аз девор дар ҳудуди собиқ корхонаи ба истилоҳи русӣ “Рем-строй” воқеъ аст ва нав фаҳмидам, ки дар наздикии автовокзал ҳам қисмате аз он побарҷост. Ва аҷибаш он, ки барои ин иншоот девор ҳанӯз вазифаи қадимии худро иҷро мекунад.

Дар бораи девори қадимаи Хуҷанд, ки дар гузашта 11 км тӯл доштааст, аз адабиётҳои таърихӣ огоҳ будам. Ин навбат хостам аз рӯи кунҷкобӣ аз шабакаи интернет маълумоте доир ба ин девор ба даст орам. Натиҷаи чашмрасе набуд.

Қисмҳое аз ин девори қадима фурӯ рафтаву маълум, ки солҳост рӯи таъмирро надидааст. Дар гузашта девори мазкур хуҷандиёнро аз ҳуҷуми ногаҳонии душманони аҷнабӣ ҳифз мекард, имрӯз бошад худ ба ҳифозати ҳамзамонони мо ниёз дорад. Он ёдгории таърихист! Вале инҷо натанҳо дар ҳифзи девори қадима ба саҳлангорӣ роҳ додаем, балки дар муаррифии шоистаи он ҳам иқдоме ба харҷ надодаем.

Боз ба сайри интернет меравам. Як харсанги оддиро, ки кадом як корбари чехӣ дар ютуб дар борааш навор дарҷ кардааст, ҳазорҳо нафар тамошо кардаанд. Дар бахши тасвирҳои интернет низ ҳазорҳо суратро бо шарҳҳояш дар бораи ин харсанг дучор мешавем. Инҷо гап дар сари тасвирҳои хатмонанди рӯи харсанг меравад, ки онро ба асрҳои қадим марбут медонанд. Ҳарчанд ин даъворо хатшиносону муаррихон беасос донистаанд, ин навор дар шабакаи интернет радду бадали зиёдеро ба вуҷуд овард. Ба туфайли ҳатто як маълумоти аз ҷиҳати илмӣ беасос ҳазорҳо нафар дар бораи як гӯшаи кишвари Чех маълумот ба даст оварданд. Албатта, дар ин кор интернет хидмати шоистаро ба анҷом расонид. Хидмати шоистатарро як корбари шабакаи иҷтимоии интернетӣ, аниқтараш як шаҳрванди оддӣ тавонист ба сомон расонад, ки ба қавле аз ҳеҷ чиз як чизро таҳия кардаву диққати истифодабарандагони сершумор аз ақсои оламро доири ин мавзӯъ ҷалб кунад. Вале чаро мо дар бораи як ёдгории воқеан қадимӣ, ки 3 аср – чандин марҳилаи таърихро шоҳид аст ва ё мавзеъву ёдгориҳои дигари таърихӣ, ки метавонанд, диққати сайёҳонро ба худ ҷалб кунанд, дар бораашон ба ҷаҳониён наметавонем маълумоте пешниҳод намоем? Ва дар бораи бештари чунин мавзеъҳо дар шабакаи ҷаҳонӣ маълумотҳо казоӣ нестанд.

Дар интернет ролике диққати маро ба худ ҷалб кард. Дар он манзараҳо, рустаниву ҷонварони Тайга ба таври хеле ҷаззоб намоиш ёфтааст. Фикр кардам, ролики тарғиботӣ барои ҷалби сайёҳон аст, вале дар асл мақсади асосии ин ролик тарғиби номгӯи доруе аст. Бинанда дар ниҳоят дарк мекунад, ки ин навор реклама аст. Ин аст маҳорати коргардонӣ, ки ба мақоли халқӣ: “бо як тир ду нишон гирифтааст”. Акнун нигаред ба шабакаҳои телевизионии дохилии худамон, ки фурсати бештари намоишҳояшонро бахши реклама ташкил медиҳад. Чаро коргардонҳои мо аз ин усули нави рекламасозӣ истифода накунанд? Агар дар фоизи камтарини рекламаҳои сохташаванда мавзеъҳои сайёҳии Ватан намоиш ёбанд, бешак, хидмати бузурге анҷом меёбад барои муаррифии соҳаи сайёҳӣ. Ин гуфта догма нест, балки барои мисол зикр кардем. Коргардонҳои мо метавонанд тарзҳои боз ҳам муассиртару ҳадафраси чунин рекламаву роликҳоро, ки дар баробари молу маҳсулот ба рушди сайёҳӣ низ мусоидат кунанд, дарёфт ва таҳия кунанд.

Оне, ки шояд андеша дорад, дар татбиқи ҳадафи Ҳукумат дар мавриди Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ танҳо сохторҳои дахлдори давлатӣ вазифадоранд, иштибоҳ мекунад. Ҳадафи ниҳояти ин иқдом фароҳам кардани зиндагии шоистаи халқ, аз ин рӯ, дар амалисозии он бевосита халқ бояд нақши назаррас дошта бошад. Танҳо дар чунин сурат метавон ба мақсади олӣ даст ёфт.

Шоҳиди он гашта истодаем, ки дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) ҳатто дар дурдасттарин деҳоти кишвар корҳои ободониву созандагӣ авҷ гирифта, бо таъйини гранту ҷорӣ кардани имтиёзҳо соҳаи ҳунармандӣ низ рӯ ба рушд овард. Ин ташаббуси Пешвои миллат соҳаи туризмро низ такони хубе бахшид, ки майл ба рушд дорад. Беҳтар гардидани инфросохтори сайёҳӣ, бунёди иншоотҳои марбут ба хизматрасонии туристӣ заминаеро барои инкишофи соҳа муҳайё кардааст. Дар баробари ин барои рушди комили соҳа ва ҷалби бештари сайёҳон ба кишвар ҷомеа, ходимони муассисаҳои марбути сайёҳӣ метавонанд нақши муассир дошта бошанд.

Пеш аз ҳама зарур аст, ки туризми дохилӣ инкишоф дода шавад. Нахуст он ки сайру саёҳат барои васеъ гардидани ҷаҳонбинӣ ва саломатии инсон манфиат дорад. Дигар ин ки ба ин васила метавонем, ба воситаи худи мардум гӯшаву канори дилфиреби худро ба ҷаҳониён муаррифӣ созем. Зеро ҳар саёҳаткунанда ҳатман аксҳои ҷолиби худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой медиҳад, ки василаи хуби ҷалби сайёҳони хориҷӣ хоҳад гардид.

Ҳамзамон, барои муаррифии шоистаи кишвар аз нерӯи бузурги рӯзноманигорон истифода бурдан мумкин аст. Чунин як ғояи созандаро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пеша карда, чанд бахши озмуни вилоятии “Хомаи созанда”-ро ба мавзӯи сайёҳӣ ихтисос намуданд, ки ин албатта ба манфиати кор аст.

Бо вуҷуди ин имкониятҳои дигаре низ ҳастанд, ки фаъолнокии журналистонро дар инъикоси мавзӯъ фароҳам меорад. Масалан, ташкили пресс-турҳо. Шояд суол ба миён ояд, ки чаро ин корро бояд мақомоти давлатӣ ташкил кунад?

Имрӯз ҳолати молиявии аксари расонаҳо маълум аст. Барои сафарбар кардани хабарнигорон ба минтақаҳо имкониятҳои молиявии на ҳамаи идораи расонаҳо даст медиҳад. Бинобар ин, ташкили пресс-турҳо мувофиқи мақсад хоҳад буд. Дар ин кор кӯшиш бояд кард маводи журналистон бештар дар шакли видеоӣ ва забони русӣ таҳия гардида, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пахш гарданд.

Дар ҳошияи ин мақола хонандаро ҳамроҳ ба сафар мебарам. Пойтахти Ӯзбекистон, шаҳри Тошканд. Зимни сафари якрӯза ба “дили Осиёи Марказӣ” бардошти хубе доштам. Таассурот нахуст шурӯъ гардид боз аз сабуксайр ё худ таксӣ. Ронандаи сабуксайре, ки моро аз гузаргоҳи сарҳадии Ойбек то Тошканд расонид, аз табори ӯзбек буд, аммо дар баробари забони русӣ тоҷикиро низ хеле балад буд. Ба шарофати ин таксирони забондону хушмуомила ба ману ҳамроҳам сафари хотирмону гуворо муяссар гардид. Аз сӯҳбаташ дарёфтам, ки аз таърихи миллати худ ба хубӣ огоҳ аст. Ҳарҷое мерафтем, ба роҳбаладе ниёз надоштем, доир ба мавзеъҳои таърихӣ, ёдгориҳо таассуроти моро ҳамин ронанда ғанӣ мегардонд.

Ҳанӯз пештар аз ин сафар қиссаи як ронандаи дигари таксии шаҳри Тошканд шабакаҳои иҷтимоиро гӯё “тарконид”-а буд. Иттифоқан мусофири нақлиёт, ки ҳамдиёри мо аст, ҳамёнашро дар дохили таксӣ фаромӯш мекунад. Таксирон бо кӯшише сайёҳи меҳмонро пайдо карда, ҳамёнро месупорад. Ин воқеаро албатта мусофири таксӣ, ки ба хотири саёҳат ба Тошканд рафта буд, расонаӣ кард ва чанд рӯз атрофаш баҳсҳо сурат гирифтанд.

Байни ронандагони таксиҳои мо низ чунин ҷавонмардони покдасту хубрафтор зиёданд. Барои он ки сайёҳони хориҷӣ низ бо чунин таассуроти рангин аз Тоҷикистон ба Ватанашон баргарданд, сафи чунинҳоро мебояд зиёд кард. Яъне, маданият, одобу рафтори хуб, забондону таърихдонии ронандаҳои таксӣ, ки меҳмон хоҳу нохоҳ ниёз ба хидматрасонии онон дорад, василаи хеле муҳими ҷалбу дилбохтагии сайёҳон хоҳад буд.

Ин хусусиятҳо бештар бояд хоси гидҳо бошад. Зеро муаррифии фароху шоистаи ёдгориҳо, мавзеъҳои таърихӣ аз онҳо вобастагии бештар дорад.

Дар осорхонаҳо, ки таърихи зиндаи миллат ҳисоб меёбанд, корбурди аёниятҳо бо истифодаи технологияи муосири коммуникатсионӣ мувофиқи мақсад аст. Ин усули кор дар кишварҳои пешрафтаи олам маъмул аст.

Ҳар сайёҳи ҳушманд ба ғайр аз обидаҳои таърихӣ хоҳу нохоҳ ба марҳилаҳои рушди кишвари сафаркардааш таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Аз ин рӯ, дар хатсайрҳои туристӣ бояд ҳатман ширкату коргоҳҳои муваффақи ватанӣ мавҷуд бошанд. Ба ин баҳона сайёҳ ҳам аз вазъи иқтисодии феълии мо огаҳӣ меёбаду ҳам барои ҷалби сармояи хориҷӣ замина фароҳам мешавад.

Ҳоло дар қаламрави кишвар гӯшаҳои саёҳатбоб, сайргоҳҳои зиёде ҳастанд, ки ҳолати хароб доранд. Яке аз онҳо мавзеи Бӯшаато мебошад, ки дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва доманаи кӯҳи мевағал воқеъ гардидааст. Мувофиқи сарчашмаҳо ин мавзеъ таърихи куҳан ва хеле ҷолиб дорад. Метавон дар мавзеъ иншоотҳои хидматрасонӣ бунёд карда, аз ҳамин ҳисоб атрофу акнофи онро обод кард.  Аммо, ҳолати истироҳатгоҳ, ки ҷои дӯстдоштаи мардуми Хуҷанду деҳоти атрофи он маҳсуб мешавад, хеле ҳузнангез аст.

Мардуми кӯҳанбунёди Хуҷанд бо номи сайри лола маросими хосе доштанд. Агар сайри лоларо дар фасли аввали баҳор дар доманаи кӯҳи Мевағал – сайргоҳи Бӯшаато ташкил карда, ба ин чорабинӣ сайёҳони хориҷиро ҷалб кунем, натанҳо маросимҳои мардумии мо тарғиб мегарданд, балки ин ғояи хубе мегардад барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ. Ҳамин гуна маросимҳо бо ибораи дигари “фестивал” дар кишварҳои хориҷӣ низ маъмул аст.

Яъне, дуруст истифода шудани мавзеъҳои сайёҳатӣ, маданияти хуби қабулу хидматрасонии басифат, муомилаву рафтори шоиста ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон ва рушди соҳаи мазкурро таъмин мекунад.

Мафтуна ИСМОИЛОВА,

“Сухани халқ” 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>