Ҳадафи ҲХДТ: таъмини зиндагии шоистаи мардум

изображение_viber_2019-10-17_08-13-59

Моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» зимни мулоқоти масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо сокинони Кумитаи маҳаллаи 1 – уми май мавриди ташреҳ қарор дода шуд.

Муҳаббат Ӯрунбоева, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд таъкид намуд, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” зиндагии шоистаи мардумро таъмин намуда, мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум буд.

Ҳамзамон, зимни ин мулоқот нақши оила дар рушди ҷомеа  мавриди барарсӣ қарор гирифта, гуфта шуд, ки нақши оилаи устувор ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанд басо муҳим мебошад. Падару модарон, ки сутуни хонавода ва ё оиларо ташкил медиҳанд, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>