Ҳашари ободонӣ

03

КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳашари ободонӣ гузаронид. Ин иқдом дар партави ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ гардида, мақсад саҳмгузорӣ дар ободонии диёр буд.

Масъулони кумиҷроияи вилоятиву шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” муташаккилона ба корҳои ободониву созандагӣ машғул шуданд.

Атрофи бинои кумиҷроия, ҷӯйбор, роҳу роҳравҳо аз партов тоза ва ба худ ҳусни тоза касб карданд.

Чунин шанбегӣ бо ташаббуси кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ба роҳ монда шуд.

Имрӯзҳо ба истиқболи сазовори ҷашнҳои фархундаи миллат, аз он ҷумла, ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар бунёдкориҳо авҷ гирифта, дар ин росто фаъолон ва аъзои ҲХДТ низ саҳми шоиста доранд.01 02

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>