Ҳашари ободонӣ. Ҳамсафон ободкоранд!

20191019_095318

Дар партави ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд КИ ҲХДТ дар вилоят ҳашари ободонӣ гузаронид.

Масъулони кумиҷроияи вилоятӣ ва кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилоят муташаккилона ба корҳои ободониву созандагӣ машғул шуданд.

Аз ҷумла, дар ҳамаи 5 кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва 232 ташкилотҳои ибтидоии шаҳри Хуҷанд шанбегӣ гузаронида шуд, ки зиёда аз 6 ҳазор нафар аъзои ҲХДТ иштирок варзиданд.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷалби зиёда аз 1300 нафар ҳизбиён ва кормандони муассисаву ташкилотҳои гуногун ин маъракаи ободонӣ муташаккилона ҷараён гирифт.

Ҳашари ободонӣ, ки ба хотири пешвози сазовори ҷашнҳои фархундаи миллат сурат гирифт, дар шаҳри Бӯстон ободкориҳои зиёд дар пай дошт. Дар он бо раҳнамоии кумиҷроияи шаҳрӣ аъзову ҷонибдорони ҲХДТ низ ҳиссаи арзанда гузоштанд.

Дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Гулистон низ шанбегӣ муташаккилона баргузор гардид. Дар ин маъракаи ободонӣ хусусан аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» фаъолнокӣ зоҳир карда, саҳми арзандаи хешро дар ободонии шаҳр гузоштанд.

Чунин корҳои созандагӣ бо ташаббуси кормандони кумиҷроияи ҳизб, аъзо, фаъолон ва аъзои сершумори ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ашт низ муташаккилона сурат гирифт.

Ташаббуси мақомоти иҷроияро масъулини кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Деваштич низ дастгирӣ карда, якҷоя бо ҳамсафон дар ободонии ин гӯшаи Ватан ҳиссаи арзандаи худро гузоштанд.

Дар Панҷакент бошад бо даъвати КИ ҲХДТ садҳо нафар ҳизбиёну ҷонибдорон, кормандони ташкилоту муассисаҳо, донишҷӯёну хонандагон ба ҳашари ободонӣ баромада, дар оростаю пероста ва тоза намудани роҳҳо, кӯчаҳо, ҷӯйбор ва хиёбону гулгаштҳои ҳудуди шаҳру деҳот, назди корхонаю муассисаҳҳо саҳм гузоштанд.

Дар ноҳияи Шаҳристон ҳудуди 2300 нафар нафар сокинони касбу кори гуногун дар ин маъракаи ободонӣ ширкат варзиданд. Зиёда аз 12 ҳазор метр ҷӯйборҳо тоза, се мошини боркаш партовҳо аз худи маркази ноҳия бароварда шуданд. Дар  ҳашари мазкур ташкилотҳои ибтидоии “Маҳаллаи Шаҳристони боло”, “Хоҷагии об”, “Хоҷагии манзили комуналӣ”, “МНДРА”, “Ориёи”, “Амонатбонк”, “Ободӣ” саҳми бештар гузоштанд.

Аз ҷониби кормандони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод, собиқадорони ҳизб ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” зиёда 1000 метр ҷуйборҳо тоза, 600 метри мураббаъ майдони атрофи корхонаҳо нарм ва 800 бех дарахтон  аз шохи хушк тоза ва сафед карда шуданд.

Бахшида ба 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқболи шоистаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Айнӣ низ шанбегӣ гузаронида шуд.

Дар шанбегии умумивилоятӣ кормандони кумитаи иҷроия, ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Спитамен фаъолона ширкат карданд.

Рӯзи истироҳатро бештар аз 6000 нафар сокинони шаҳри Конибодом дар майдони пахтазор бо ҷамъоварии “дурри гарондаҳо” сипарӣ карданд. Аксарияти ҳашарчиён аъзои ҲХДТ буда, дар ташкилу роҳандозии ин ҳашар кумиҷроияи ҳизбишаҳри мазкур саҳмгузор гардид.

Имрӯзҳо ба истиқболи сазовори ҷашнҳои фархундаи миллат, аз он ҷумла, ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар бунёдкориҳо авҷ гирифта, дар ин росто фаъолон ва аъзои ҲХДТ низ саҳми шоиста доранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>