Панҷакент: тарғиби мавқеи ҳизб

1

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии навтаъсиси “Шифо”, ки ҳизбиёни Маркази тиббии ғайридавлатии ҳамномашро муттаҳид менамояд, нахустин маҷлиси ҷамъбасти семоҳа баргузор шуд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, сардухтури марказ Дӯстмуҳаммад Аҳмадов дар бораи фаъолияти ҳизбиён, саҳми онҳо дар беҳдошти  кори муассиса сухан кард ва афзуд, ки хоҳишмандони узвият ба ҳизб зиёданд ва онҳо беҳтаринҳоро мепазиранд.

Роҳбари дафтари матбуоти кумитаи иҷроияи шаҳри Панҷакент Турдибой Солеҳзода ба ҳозирин талаботи Оинномаи ҳизбиро ёдрас намуда, муҳтавои суханронии Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ шарҳ дод ва таъкид намуд, ки ҳизбиён дар тарғиби мавқеи ҳизб вобаста ба маъракаи муҳими сиёсии интихобот саҳми фаъол дошта бошанд.

Дар анҷом ба чор нафар аъзои нави ҳизб шаҳодатнома супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>