КАБИРӢ ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ АЙБҶӮӢ АСТ!

Logo_001

Бо қарори Суди олии мамлакат ва дархости Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмони “Паймони миллӣ”  ташкилоти террористӣ-экстремистӣ ва фаъолияташ дар ҳудуди мамлакат мамнӯъ эълон шуд.

Ин қарори одилона дар қароргоҳи ин созмон, ки дар хориҷи мамлакат воқеъ аст, шӯру валвалаеро барангехт ва сарвари он, дар як вақт раиси ҳизби мамнӯъ ва бадномшудаи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ бо истифода аз сомонаҳои интернетӣ мусоҳибае анҷом дод.

Аз ин мусоҳиба чӣ бардоште кардам? Боз ҳамон суханҳои обшуста ва чашмпушӣ аз воқеият.  Воқеияте, ки “оқо”-и Кабирӣ онро дидан намехоҳад ва бо ҳар роҳу восита мехоҳад Тоҷикистонро, ки зодгоҳу Ватани ӯ низ ҳаст ва гӯиё зоҳиран ба тақдири он бетараф  ҳам нест, бадном кардан мехоҳад.

Дар ҷавоби як суол ӯ шикасташро эътироф ҳам кард, вале тавре мегӯянд, аз зин фаромада бошад ҳам , аз рикоб пояшро гирифтанӣ нест ва бо зикри чанд мушкилоти ҷомеаи мо, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ, аз пашша фил сохтан мехоҳад. Ӯ эътироф карданӣ нест, ки Ҳукумати Тоҷикистон  пайваста  барои ҳалли мушкилоти мавҷуда талош меварзад ва  пойдор нигоҳ доштани фазои сулҳу субот шарти аввалин ва зарурии рушди иқтисод ва беҳдошти рӯзгори мардум аст.

Дар ҷаҳони пуртазод ва ҳамсоягии Афғонистони ҷангзада, бархӯрди манфиатҳои абарқуратҳо дар минтақа нигоҳ доштани сулҳу субот тавре Кабирӣ ва пайравонаш мепиндоранд, кори саҳл нест. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба собиқаи бузурги давлатсозӣ ва давлатдорӣ, заковати фитрӣ тавонистанд дар мамлакат чунин фазоро фароҳам созанд ва барои рушди ояндаи он заминаҳои воқеӣ гузоранд.  Инро мардуми шукргузори Тоҷикистон медонанд ва ба он эҳтиром мегузоранд, ба ҷуз Кабирӣ ва ҳамроҳони гумроҳшудааш.

Барои ӯ ҳама иқдоме, ки Ҳукумати Тоҷикистон пеш мегирад, аз ҷумла Қонуни авф, ки бо пешниҳоди Президенти мамлакат Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расонид, маъқул нест. Аз он низ айб меҷӯяд.

Чунин ба назар мерасад, ки ӯ ба бемории айбҷӯӣ гирифтор шудааст. Давои он бошад аз ақли солим кор гирифтан, ба воқеият бо чашми ибрат нигаристану баҳо додан аст.

                                                                                  Зулфия БОБОБЕКОВА, 

 сармутахассиси шуъбаи тарғибот

ва иттиллоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>