Зуҳуроти номатлуб: муборизаи дастҷамъӣ мехоҳад

2

Дар Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни як мулоқот зуҳуроти ташвишовари ҷомеа – хушунату зӯроварӣ дар оиларо мавриди баррасӣ қарор доданд. 

Муовини озоди раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ин минтақа Ҷӯраева М. ҳангоми мулоқот бо фаъолзанони деҳот қайд намуд, ки давлат оиларо ҳамчун асосӣ ҷамъият ҳимоя карда, барои пешгирии зӯроварию хушунат дар оила ва ҷомеа тадбирҳо меандешад. Дар пешгирии ин зуҳурот фаъолони ҷомеа набояд бетараф бошанд.

Зимни мулоқот доир ба пошхӯрии оилаҳо, гароиши баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, худкушӣ табодули назар карда шуда, таъкид гардид, ки бар зидди ин зуҳурот бояд дастҷамъона мубориза бурд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>