Ҳизбиён ва тарғиби тарзи солими ҳаёт

6

Дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии беморхонаи кӯдаконаи шаҳр дар қатори баррасии фаъолияти нӯҳмоҳаи он масъалаи саҳми кормандони тиб дар тарғиби тарзи солими ҳаёт ва омодагии ташкилотҳои ибтидоии ҳизб ба интихоботи оянда низ матраҳ карда шуд.

Дар ин бора роҳбари дафтари матбуоти кумитаи иҷроия Турдибой Солеҳзода ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ Абӯбакр Исоев ибрози назар намуда, аз ҷумла таъкид карданд, тарғиби тарзи солими ҳаёт барои кормандони тиб вазифаи касбӣ маҳсуб шуда, омили асосии пешгирии амрози кӯдакон низ ҳаст. Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои ҳизб аз ҳоло барои дар сатҳи баланд баргузор шудани интихоботи соли оянда байни ҷонибдорони ҳизб ва дигар табақаҳои ҷомеа кор баранд, дар тарғиби дастовардҳои Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари муаззами давлат, Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷои кор ва зист фаъолона иштирок намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>