БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАНД

Logo_001

Созмони ифротгаро ва террористӣ эълон гардидани “Паймони милли Тоҷикистон” аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон бешубҳа зарбаи ҷонкоҳе зад барои идомаи фаъолияти ин ниҳоди ҷангафрӯз ва дасисаангез. Ва мусаллам аст, ки баъди судури ин ҳукми додгоҳ ба “сарсупурдагон”- и ин гурӯҳи ҷинояткор ва ихтилофангез барои паҳн намудани “идеяҳои милли”-и худ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мавзӯи нави баҳс рӯи кор омад. Аввалин нафаре, ки дар ин бора вокуниш нишон дод, ин роҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёна Илҳом Ёқубов мебошад, ки бо ҳарзагӯии худ исбот карданӣ шуд, ки  барномаи рӯи даст гирифтаи онҳо танҳо ба хотири беҳбудии сиёсии кишвар аст. Аммо воқеияти ҳол нишон медиҳад, ки Илҳом Ёқубов бо тӯдаи дигар манқуртҳо амсоли Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев, Саидюнуси истаравшанӣ таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ дар ин як соли фаъолият бори дигар исбот намуданд, ки ҳадафшон танҳо барангехтани низоъ ва олуда кардани мафкураи ҷомеа ба ифротгароиву террористӣ мебошад.

Онҳо то замони баргузории нишасти Варшава, ки бо ибтикори дафтари Созмони  Амнияти Ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамасола баргузор мегардад, танҳо бо як мақсад паст кардани обрӯи миллат кӯшиш намуда, ин бор низ шармандавор ба шикаст рӯ ба рӯ шуданд. Яъне, онҳо ҷомеаи ҷаҳониро мутмаин карда натавонистанд, ки чун нерӯи мухолифини солим барои фардои дурахшони миллат хизмат хоҳанд кард. Балки ба андешаи Бахтиёр Ҳамдамов, сармуҳаррири нашрияи “Минбари халқ” саҳнаи мондаи онҳо аз мазҳакае беш набуд рафтор ва кирдори “озодандешон”- и ин аъзои ташкилоти “бонуфуз”.

Воқеан чаро ин созмон бо ин ҳама тими ба қавли худашон озодандешу пурқувват миёни ҷомеа, хосса дар кишвари мо маҳбубият пайдо накард? Чаро аъзо ва пайравонаш зиёд нашуд? Чаро гурӯҳи 24, ки аз рақибони давлатдории имрӯза мебошад, идеяи сарҷамъии ин созмонро пуштибонӣ нанамуд. Чаро рӯзноманигор Дадаҷони Атовулло, ки бо лаҳни тунду тез нисбати ибтикороти давлат дар пиёдашавии ин ё он иқдом вокуниш нишон медод, ин бор остинро чаппа пӯшиду ҷонибдории ин созмонро напизируфт. Барои он ки тору пуди ин созмон ҳамагӣ аз макру ҳиял, дасисаву бӯҳтон сохта шудааст. Ва Муҳиддин Кабирӣ, ки дар рагу паяш хуни фармонравоӣ сахт маскан гузидааст, ин бор низ мехост шахси рақами 1 бошад. Сониян ҷавҳари ин созмонро нафароне ташкил медиҳанд, ки касе онҳоро ба дурустӣ намешиносанд. Воқеан ҳам хандаовар аст вақте нафаре худро роҳбари Анҷумани муҳоҷирини Осиёи Миёна эълон кардааст, ки аз мушкиливу муаммоҳои муҳоҷирон хабаре надорад. Вақте Илҳом Ёқубов ин тасмимро гирифт ҷамъе аз рӯзноманигорони Осиёи Миёна борони ҳақорату надоматро бар сари ӯ бор карданд. Охир барои эълони ин маснади баёналмилалӣ бояд анҷуман фикри дигар созмону ҳаракатҳоро мегирифт. Ва ахиран ин анҷуман, ки як ҷузъи созмони “Паймони миллӣ” аст, чи хизмате барои муҳоҷирин кард? Ҳеҷ чӣ… Дигар аз қаҳрамонони ин Паймон Шарофиддин Гадоев ва Алим Шерзамонов низ ба ҷузъ аз ҳарзагӯи кореро ба сомон нарасониданд. Дар умум зарфияти ин созмон он аст, ки онҳо барномаи махсуси корбарӣ надоштанд. Танҳо рисолати онҳо давоми як сол он буд, ки тавассути шабакаҳои иҷтимои гуфтугӯи онлайнӣ бо “мардум” гузаронанд. Дар асл худашон савол тартиб медоданду ҷаноби Кабирӣ муаббадона ба он посух мегуфт. Як идда ҷавонони гумроҳ ва рӯзноманигорони зархаридро ба даври худ кашида, ба истилоҳ аз пашша фил месозанд. Намунаи ин гуфтаҳо он аст, ки дар сӯҳбати охирин Кабирӣ танҳо созмони худро васф карда, онро нерӯи қавӣ донист. Аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ, хосса ҳизбу ҳаракатҳои мухолифини дигар давлатҳо заифии ин созмонро эътироф намуданд. Зеро шахсиятҳое, ки сари ин созмон сарҷамъ омадаанд, нафарони заиф аз лиҳози дониши сиёсӣ мебошанд. Акнун меоем сари чи зарурат буд, ки ҲНИ табдили ном кунад ва худро дар либоси дигар бинад. Ин ҳикмати халқиеро мемонад, ки гург дар либоси гӯсфанд аст, аммо гурггароии худро идома медиҳад. Аввал ин ки ҳизб ба номи ислом иснод овард. Дигар ҷомеаи солими кишвар ин ҳизбро ба ростин шинохт. Он тарҳу барномаҳое, ки онҳо рӯи даст доштанд, ҳамагӣ акси онро намуданд. Яъне боварию эътмоди мардумро аз даст доданд. Ба умеди сарҷамъии чор ниҳод онҳо умедвор буданд, ки як созмони қавие бунёд карда, мардумро аз қафои худ мебаранд. Аммо мушоҳидаҳо нишон доданд, ки онҳо ин дафъа низ хато карданд. Акнун, ки фурсат кам мондааст, онҳо бо ҳар баҳона худро қаҳрамон метарошанду дилсӯзи миллат. Бояд эътироф кард, ки хушгӯиҳои Кабирӣ андаке даври онҳоро васеъ намуд, аммо онҳое, ки Кабириву дигар ёронашро ба дурустӣ шинохтанд, даст аз ӯву идеяҳояш бардоштанд. Акнун ба онҳо танҳо минбари Варшава монд, ки сенарияи тарҳрезикардаашон кор надод. Балки нафарони “сарсупурда” аниқтараш думравон ин дафъа низ ӯро “подводит” намуданд. Яъне, барои сиёҳ кардани давлат ва Ҳукумат далели шаъйи надоштанд. Даъвои онҳо озод кардани дар маҳкамабудагон аст. Аммо ин маҳкумшудагон барои гуноҳҳояшон дар назди қонун ҷавоб гуфта истодаанд, на ин ки маҳбуси сиёсӣ.

Дар ин росто мавқеи чашмраси хурду бузурги кишвар лозим аст. Бояд ҳар нафаре, ки ба қадри тинҷиву оромӣ мерасад, барои ҷавоби сазовор додан ба ин шӯрпуштон омода бошад. Ба наслҳои ҷавон, ки идомадиҳандаи рисолати бузургу таърихии давлатдориамон мебошанд, пайваста таъкид намоем, ки аз таассубу хурофотпарастӣ ва ифротгароиву тангназариҳои диниву мазҳабӣ ба мисоли созмони “Паймони миллӣ” худро дар канор гиранд. Маҳз дар ҳамин вазъи нотинҷии курраи замин ва мавқеъ гирифтани ташкилоту созмонҳои ифротӣ дар бархе мамолик, мо бояд барои муҳофизат кардани кишварамон аз чунин нохалафон кӯшиш намоем. Инчунин мо вазифадорем, ки ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастии фарзандони худро тақвият бахшем, то ки арзишҳои фарҳанги ғаниву рангоранги гузаштаи миллати худро қадр намоем.

Ҳамин заҳмату талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президети кишвар, роҳбари муаззами ҳизб мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардумони фарҳангсолору меҳанпараст буд, ки кишвари мо бо сулҳу субот ва мустақилиаш шинохта гардид.

Таъмини амнияти миллӣ ва мардумӣ яке аз ҳадафҳои меҳварии давлату Ҳукумати кишвар мебошад. Зеро давлате, ки дар он амну субот пойдор аст, пешравию тараққиёт ва рушди миллатро кафолат медиҳад. Мо ин пешравиро эҳсос намуда истодаем ва ояндаи кишвари худро дурахшон мебинем.

         Наим МАЛИКИСЛОМӢ,

раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>