ДАР ҶАҲЛИ МУРАККАБ

Logo_001

Аз рӯзномае мутолиа намудам, ки беш аз панҷсад нафар занону кӯдакони тоҷик дар яке аз урдугоҳҳои Ироқ дар шароити хеле ваҳим нигоҳдорӣ мешаванд. Онҳо пайвандони гумроҳоне мебошанд, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ пайваста, дар набардҳои бемаънӣ кушта шудаанд ва ё дар маҳбасҳо ба сар мебаранд. Ҳамчунин, чандин нафар занони тоҷик барои даст доштан ба ҷиноятҳои вазнин дар ҳайати гурӯҳҳои тундрав дар Сурия ва Ироқ ба ҳабси абад маҳкум шудаанд. Аз ин пештар бо талошҳои пайгиронаи мақомоти марбутаи мамлакат 90 нафар кӯдакони ин гумроҳон аз ин урдугоҳҳо ба Ватан баргардонида, ба ғамхорӣ фаро гирифта шуданд.

Ин нафаронро, ки аксарашон ҷавон ҳастанд, чӣ водор намудааст, ки на танҳо худашон, балки ҷони ҳамсару фарзандонашонро ба доми балою марг гузоштаанд? Ин амали онҳоро маҳкум кардан осонтарин кор аст, вале дарки мантиқи худкушии онҳо, ки ниҳояти ҷаҳолат ва ҷаҳли мураккаб аст, душвор аст. Шояд ин гумроҳон, ки ба ҷаҳли мураккаб ғарқ шудаанд, худ фоҷиабор будани амалу рафторашонро дарк накардаанд. Фанатизми кӯркӯрона онҳоро ба доми бало афкандааст.  Ба фамудаи шоир:

Он кас, ки надонад, ки надонад, ки надонад,

Дар ҷаҳли мураккаб абаддудаҳр бимонад.

Метавон инро чун костагии тарбияи дунявӣ, ба доми тазвири фиристодагони гурӯҳҳои тундрав афтодани онҳо ва бетаваҷҷӯҳии волидону наздикон, сатҳи пасти тарбияи сиёсӣ ва маънавӣ дар мактаб ва муассисае, ки таҳсил намудаанд, унвон кард.

Чун узви ҷавони ҲХДТ ва фаъоли ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон  “Созандагони Ватан” бо пешниҳоди кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо овардани чунин мисолҳо ба ҳамсолон хатари пайвастан ба ин гурӯҳҳоро мефаҳмонам, ҷавононро талқин менамоям, ки дар сар фақат ҳавои ободии Ватан ва созандагию бунёдкорӣ, соҳиб шудан ба касб, идомаи таҳсил, хидмати шоиста ба волидон ва диёрро парваранд.

Ин даъвату талқин ҳамоҳанг ба фармудаҳои некбинонаи Пешвои миллат ва Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо –ҷавононро, ба андӯхтани дониш, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, касбу ҳунар, ватандӯстию худшиносӣ ҳидоят менамоянд.

Нодира САЛОМОВА,

корманди коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>