Чанд қадами устувор барои коҳиш додани ришваситонӣ

Хуҷанд. Тавре огоҳӣ доред, бо иқдоми Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд моҳонаи «Амалҳои коррупсиониро маҳкум мекунем» доир шуда истодааст. Чанде пеш дар  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар кумитаи иҷроияи ибтидоии ба номи «Муҳаммад Осимӣ» вохӯрии устодону шогирдон бо намояндагони Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд ва кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии мазкур номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Сангинова чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар арзи ҳастӣ намудани Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия барои решакан намудани омилҳои ришваситонӣ ва ба танзим даромадани вазъияти иқтисодиву иҷтимоӣ нақши бориз дорад. Бо таъсиси ин ниҳоди қудратӣ сатҳи дониши ҳуқуқии сокинон, хосса ҷавонон хеле боло рафт. Махсусан дар раванди таълим кам шудани шиддати ришваситониву амалҳои коррупсионӣ равшан ба назар мерасад. Наим Маликисломов, раиси кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зимни суханронии хеш таъкид дошт, ки Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои зиёди худ, алоҳида дар бобати муборизаи ҳамагонӣ бар зидди коррупсиониро яке аз унсурҳои пешрафти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дониста, таъкид ба таъкид ҳамагонро барои решакан намудани ин марази ҷомеъа даъват менамоянд. Зеро коррупсия барои рушди иқтисодӣ, ташаккули иқтисоди бозоргонӣ ва ҷалби сармоя монеаи ҷиддӣ буда, ба институтҳои сиёсии давлатдорӣ таъсири манфӣ расонида, барои рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиди глобалиро ба вуҷуд меоварад. Ин нукта дар барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ зикр шуда, дар асоси дастуру вазифагузориҳои Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳоло силсилаи вохӯрию мулоқотҳо дар ҳамкорӣ Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд дар ҳама кумитаю ташкилотҳои ибтидоӣ ҷараён дорад.  Зарифзода Ҳошимҷон Юсуфӣ, капитани адлия, нозири калони шӯъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд дар бораи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ахбороти муффасал дод. Саломзода Насимҷон, мудири шӯъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд дар бораи амалҳои ногувори ришваву ришваситонӣ сухан карда, афзуд, ки ҳарчанд дар тӯлонияти таърихи башарият имконоти пурра решакан намудани коррупсия вуҷуд надорад, аммо бо пеш гирифтани тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо коррупсия дар ҷумҳурӣ метавон зина ба зина сатҳи ҷинояти коррупсиониро коҳиш дод, ки ин амри воқеият аст. Зеро дар ҷамъият ҳар чӣ бештар зуҳур кардани ҷинояти хусусияти коррупсионидошта боиси рушди беадолатӣ, маҳдудгардони ҳуқуқҳои инсон, пастравии обрӯ ва нуфузи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ гардида, ҳамчун яке аз намудҳои аслии таҳдиди воқеӣ ба амнияти давлат мегардад. Зимни мулоқоти озод донишҷӯён ба саволҳои сершумори худ аз меҳмонон посух гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>