Конститутсия ва ҳуқуқи кӯдакону наврасон

2

Ин мавзӯъ дар мулоқоти раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Панҷакент  Мурод Шукурзода бо устодон ва хонандагони литсеи шаҳр баррасӣ шуд.

Дар сӯҳбат перомуни таърихи  таҳия ва қабули Конститутсия, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он, нақши ин санади олии  қонунӣ дар таҳкими давлатдории навини миллати тоҷик, кафолатҳои он ҷиҳати ҳифзи озодию ҳуқуқҳои шаҳрвандон, аз ҷумла ҳуқуқ ба таҳсил, дигар қонунҳо, ки ҳуқуқҳои онҳоро танзим менамоянд,сухан рафта, ёдрас гардид,ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ дар заминаи нишондоди он таъсис шуда, чоряк аср боз дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар нақши босазо мегузорад.

Ба саволҳои хонандагон дар бораи нақши Конститутсия ва марҳилаҳои ташаккули ҲХДТ Мурод Шукурзода ва мудири бахши кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроия Мавлуда Тоҷиева ҷавоб гуфтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>