Мулоқот бо волидону хонандагон

23

Маҷлиси падару модарони муҳассилини синфҳои 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15, ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Панҷакент  ин навбат ғайримаъмулӣ буд. Он  бо иштироки худи хонандагон ва мудири шӯъбаи тарғибот ва иттилооти кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Бурсибой Лутфуллоев баргузор шуд.

Дар ин мулоқот баробари таҳлили давомоту одобу рафтори хонандагон аз иҷрои муқаррароти Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”, хатари гароиши ҷавонон ба ғояҳои ифротӣ, нақши Истиқлол дар тақдири миллат, ҷойгоҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистон, сухан рафт.

Таҷрибаи ташкили чунин сӯҳбатҳо бо волидон ва хонандагон дар маҷлиси падару модарон дар кумитаи иҷроия нахустин буда, иштирокдорон аз баргузории он изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>