Бӯстон: сохтмони бинои кумиҷроияи ҲХДТ оғоз шуд

Х1

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон соҳиби бинои маъмурӣ мешавад. Сохтмони бинои кумитаи иҷроия имрӯз оғоз гардида, тасмим аст, дар ҷашни Наврӯзи байналмилали соли 2020 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Бӯстон қарор дошт, ҳамроҳ бо Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода, Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода ва фаъолони ҳизб ба бинои мазкур санги асос гузошта, бо масъулин ва аъзову ҷонибдорони ҲХДТ сӯҳбат анҷом дод.

Мувофиқи лоиҳа бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон аз ду ошёна, 8 утоқи кор, маҷлисгоҳ ва ошхона иборат мебошад. Лоиҳаи биноро КВД “Лоиҳакаш”-и шаҳри Бӯстон таҳия карда, корҳои сохтмониро бинокорони маҳаллӣ ба сомон мерасонанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои сифатнок ва дар муҳлати муқарраршуда ба истифода додани иншоот масъулинро вазифадор кард.

Ҳаҷми лоиҳавии иншоот зиёда аз 1 млн. сомониро ташкил дода, дар ин иқдоми созанда аъзову ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташаббус зоҳир кардаанд.

Ба таври дастҷамъонаву муттаҳидӣ бунёд кардани бинои маъмурии кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳии вилоят таҷрибаи нав набуда, қаблан дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва Айнӣ биноҳои хуштарҳ барои ҳамсафон қомат афрохтанд.

Ин ташаббус ки аз дастури Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад,  аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мақомотҳои маҳаллӣ ва ҷонибдорони ҳизб дастгирии комил ёфтааст.

Феълан, дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони бинои маъмурии ҳизбӣ идома дорад.

“Сухани халқ”Х2 Х3

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>