ҲХДТ: беҳдошти соҳаи тандурустӣ дар меҳвари фаъолият

Рисунок1

Дар ҷаласаи ташкилоти ибтидоии Беморхонаи минтақавии Саразм натиҷаҳои фаъолияти нӯҳмоҳаи ҳизбиёнро мавриди таҳлил қарор доданд.

Раиси ташкилоти ибтидоӣ сардухтур Амир Мустафоев доир ба ҳадафҳои муҳими барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ба рушди соҳаи тандурустӣ нигаронида шудааст, сухан гуфт.

Гуфта шуд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар меҳвари  фаъолияти ҲХДТ қарор дошта, ин масъала дар Барномаи ҳизб низ аз афзалияти хос бархурдор аст.

Ҳамида Холова, раиси Шӯрои собиқадорон ва мудири бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мавлуда Тоҷиева таъкид намуданд, ки ҲХДТ бо мақсади дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ мседонад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>