Қаҳрамонӣ фаромӯш намешавад!

Рисунок2

Бо дастури Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд як қатор иштирокчиёни барқароркунии сохти конститутсионӣ дар шаҳру навоҳии вилоят мавриди аёдат қарор гирифтанд.

Дар ноҳияи Деваштич низ дар доираи ин ташаббуси наҷиб иштирокчиёни сохти конститутсионӣ -  Зафар Азимов, Фахриддин Нарзуллоев ва Музаффар Аюбов аёдат шуда, ба онҳо маҳсулоти хӯрока дастрас гардид.

Таъкид шуд, ки иштирокчиёни сохти конститутсионии мамлакат ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти олии ҲХДТ қарор дошта, корнамоӣ ва зиндагии онҳо барои насли ҷавон намунаи ибрат ва пайравӣ аст.

Ҳамзамон, масъулини ҳизб аз оилаи Ҳусейнҷон Баротов, ки дар роҳи барқароркунии сохти конститутсионӣ ҷон фидо намудааст, дидан намуда, аз номи рохбарияти кумиҷроияи вилоятӣ кӯмаки яквақтаина расониданд.

Дар пештоқи ҳавлии аёдатшудагон лавҳа бо шиори «Қаҳрамонӣ фаромӯш намешавад!» насб карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>