Исфара: Конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии ҲХДТ

IMG_8301

Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон давоми 2, 5 соли охир дар шаҳри Исфара 3008 нафар афзуда, имрӯз ин нерӯи тавонои сиёсӣ 15008 нафар ашхоси соҳибмаърифат ва ватандӯсту худшиносро дар 176 ташкилотҳои ибтидоӣ сарҷамъ намудааст. Ин нуктаро Суруридин Зиёваддинзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара зимни Конференсияи ҳисоботӣ – интихоботӣ  таъкид намуд.

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара оид ба фаъолияти 2, 5 солаи ҳизбиёни шаҳр ҳисоботи муфассал пешниҳод намуда қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара аз нуфузи воло бархурдор буда, сафи ҷонибдорони ин қувваи пешбарандаи ҷомеа рӯз то рӯз афзоиш меёбад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ иқдомҳои зарурӣ амалӣ шуда, 4 кумитаи иҷроияи ибтидоӣ  ва  21 ташкилотҳои нави ибтидоӣ таъсис дода шуданд.

Оид ба омӯзиш ва тарғиби Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Исфара аз ҷониби гурӯҳҳои тарғиботӣ беш аз 1900 мулоқоту вохӯриҳо гузаронида шуданд, ки намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаро фаро гирифтанд.

Дар доираи  аксияи “Роҳ ба сӯи мактаб” 1450 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз оилаҳои ниёзманд бо сару либос ва ашёи хониш таъмин карда шуданд.

Бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ташаббуси роҳбарияти кумиҷрояи вилоятӣ  Сатториён Матлубахон Амонзода бо мақсади ба ҷойи корӣ таъмин намудани занони хонашин бахшида ба эълом гардидани сесолаи 2019 — 2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Ворух коргоҳи дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид. Коргоҳ бо дувоздаҳ мошини дарздӯзии ҳозиразамон, ду адад мошини аверлок, мизи матоъбурӣ ва дарзмолкунӣ ҷиҳозонида шуда, ба кормандон ҳамаи шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шуданд.

Сатториён Матлубахон Амонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз фаъолияти кумиҷрояи шаҳр натиҷагирӣ намуда, ҷиҳати ҷоннок намудани корҳои тарғиботӣ дар самти баланд бардоштани нуфузи ҲХДТ дастурҳои мушаххас дод.

Раиси кумиҷрояи вилоятӣ таъкид намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум фаъолият намуда, ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавиаш ба беҳдошти сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст.

Дар анҷоми конференсия фаъолони ҳизб қадршиносӣ шуданд.IMG_8418

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>