МУЛОҚОТИ ҲИЗБИЁНИ ШАҲРИ ХУҶАНД БО АФСАРОНУ АСКАРОН ДАР ШАҲРИ РОҒУН

IMG_4578

Бо мақсади ошноӣ аз шароити хизмати афсарону аскарон, ташвиқу тарғиби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ифтихор ва ҳуввияти миллӣ  як гурӯҳ аъзоёни фаъол, кормандони дастгоҳи кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ, ки ба он ҳамчунин рӯзноманигорону нависандагон, кормандони иттифоқи касабаи коркунони соҳаи нафт, кимиё ва саноати маҳалӣ дар вилояти Суғд  шомил буданд, рӯзи 3 ноябр ба шаҳри Роғун рафтанд.

Шоми он рӯз дар қисми ҳарбии 051058-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Роғун қарор дорад, мулоқоти гарму самимии кормандон бо афсарону аскарон сурат гирифт.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар афсарону аксаронро ба муносибати 25 — солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, баён дошт, ки бо талошу ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмат дар қисмҳои низомӣ куллан беҳтар шуда, имрӯз Артиши миллии мамлакат ба як ниҳоди тавоно ва пурқудрат мубаддал гаштаааст. Таъкид шуд, ки ҳифзи марзу буми кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавонмард буда, маҳз ҳушёриву зиракии афсарону аскарони далеру шуҷои кишвар аст, ки сулҳу оромӣ дар кишвар ҳукмфармо аст.

Дар суханронии сардори қисми ҳарбӣ полковник Шамолзода Мирзосафар зикр  шуд, ки чунин таваҷҷуҳу ғамхорие,  ки  имрӯз кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ кардааст, барои афсарону аскарон рӯҳу илҳоми тоза бахшида, онҳоро ба хизмати софдилонаву содиқона ба Ватан раҳнамоӣ мекунад.

Аъзои иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, адиб ва рӯзноманигор Юсуф Насрулло аскарону афсаронро ҷавонони хушбахти замон унвон карда, баён дошт, ки хизмат дар чунин шароит ва ҳимояи иншооти бузурги аср ҳам ифтихор ва ҳам шарафи ҳар як ҷавонмард аст.

Бо нишонаи ихлос ва таваҷҷуҳ ба китобхонаи қисми ҳарбӣ дастаҳои китоби ба тозагӣ нашршуда аз ҷониби раиси кумиҷроияи шаҳрӣ тақдим гардид.

Ба афсарону аскарони қисми ҳарбӣ аз ҷониби кумиҷроия дастурхони идона фароҳам оварда шуда, дар ҳавои сурудҳои овозхонҳои шинохтаи вилоят Бахтиёр Давлатов, Ҳалимҷон Салимӣ ва Фирдавс Худойназаров афсарону аксарон ва меҳмонон табли шодӣ заданд

Ёдовар мешавем, ки қисм ҳарбии мазкур соли 2012 дар заминаи Гвардияи миллии кишвар таъсис ёфта, вазифаи аслии сарбозону афсарони қисми ҳарбӣ ҳимояи иншооти бузурги аср мебошад ва дар ин қими ҳарбӣ наздик 400 сарбозону афсарон хизмат мекунанд.IMG_4587

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>