Конститутсия – бахтномаи миллат

1

Таҳти  ин унвон бахшида ба 25 – умин солгарди қабули қонуни асосии давлат дар кумитаи иҷроияи ибтидоии минтақаи Ёва, дар Горди миллии 051056  чорабинӣ доир шуд, ки дар он аз аҳамияти санади сарнавиштсоз – Конститутсия сухан гуфтанд.

Муяссар Солиева, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъкид намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассумгари орзуву ормонҳои халқи ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, барои рушду нумӯи кишварамон, аз ҷумла раванди демократикунонӣ ва ҳуқуқбунёдии ҷомеа ва давлатамон заминаи мусоид фароҳам овард.

“Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад”.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>