Конститутсия – баёнгари адолату озодӣ

IMG-e

Ин унвони мизи мудаввар буд, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом доир шуд.

Моҳияти ба даст овардани Конститутсияи кишвар чун бахтномаи миллат, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди  қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини суботи сиёсӣ ҳини ана ҳамин нишаст баррасӣ шуданд.

“Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд, ки Конститутсия, ки метавон онро шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат номид, бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуд, забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон ва рамзҳои давлатии мамлакатро муайян кард, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд”.

Аз иштирокчиён даъват карда шуд, ки ҷиҳати ҳифзу гиромидошти ин санади сарнавиштсоз кӯшиш намуда, моҳияти қабули ин қонуни  асосии давлатро ба насли наврасу ҷавон фаҳмонанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>