Конститутсия — кафили бунёди ҷомеаи мутамаддин

7

Ҷамъомади  кормандони Маркази саломатии шаҳрӣ  ба муносибати 25 — умин солгарди Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент  баргузор шуд.

Муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Дилшода Ҳақбердиева ва мудири шӯъбаи тарғибот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Бурсибой Лутфуллоев аз таърихи таҳия ва қабули ин санади сарнавиштсоз дар таҳкими давлатдории нави тоҷикон, ҳуқуқу озодиҳое, ки он барои шаҳрвандон  кафолат медиҳад, сухан гуфтанд.

Таъкид гардид, ки агар ба даст овар­дани истиқлолият зарурати қабули Конститутсияи давлати муосирро ба миён гузошта бошад, қабули ин ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ барои бунёди давлати соҳибис­тиқ­лола­мон заминаи устувор ба вуҷуд овард ва дар раванди таҳкими ҳоки­мияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши барҷаста бозид.

Ҳамзамон, ба даҳ нафар аъзои тозаинтихоб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>