Конститутсия – пойдевори ҳуқуқии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон

734727

Ин мавзуъ зимни мулоқот дар гимназияи №24 — и шаҳри Хуҷанд, ки бахшида ба 25 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони соҳаи маориф доир гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева зимни суханронӣ гуфт, ки Конститутсия бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ҳамчун рўзи фархундаву саодатбахш ва пурнишот бо ҳарфҳои заррин сабт гаштааст.

“Конститутсия аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, пойдевори ҳуқуқии давлати наву соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад”- таъкид намуд Наим Маликисломӣ Мунаввар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд.

Ҳамзамон, ба ғолибони озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутся» диплому тӯҳфаҳо ва ба як қатор пешсафони соҳа Сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>