ҲХДТ: рӯ ба рӯ бо халқ

3

Масъулини Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан бо сокинони як қатор маҳаллаҳо мулоқот намуда, перомуни даъвати шаҳрвандон ба сафи Артиши миллӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ сӯҳбат намуданд.

Таъкид гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шароити мураккабу душвори ҷаҳони муосир ва равандҳои пуртазоди сиёсӣ ҷиҳати  ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва устувории сиёсӣ дар мамлакат, таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, фаъолияти устувори ниҳодҳои давлатдорӣ, таҳким ва самаранокии фаъолияти онҳо, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тадбирҳои имконпазирро амалӣ менамояд.

“ҲХДТ арои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум фаъолият намуда, ҳадафҳои барномавиаш барои некӯаҳволии халқ нигаронида шудааст”- гуфта шуд дар мулоқот.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>