“СОЗАНДАГОНИ ВАТАН”-И ШАҲРИ ХУҶАНД БАРАНДАИ ҶОМИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ

изображение_viber_2019-11-07_16-31-20

Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25 – солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят мусобиқаи футбол барои ба даст овардани Ҷоми иттифоқи касаба доир карда шуд. Дар ин мусобиқа 6 даста вориди рақобат шуда, дар даври ниҳоӣ дастаи ТҶҶ “Созандагони Ватан”- Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бар дастаи мунтахаби Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии  Тоҷикистон бо ҳисоби 8 бар 2 ғолиб омада, Ҷоми мусобиқаро ба даст оварданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки футболбозон аз қабили Насим Бобоев, Шавкат Пӯлодов, Саидҷон Абдуллоев, Амирҷон Абдуҷалилов, Насимҷон Муродов, Олимҷон Норматов аз дастаи “Созандагони Ватан” аз худ маҳорати баланди тӯбронӣ нишон дода, сазовори таҳсину офаринҳо гардиданд.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҷавонони ташшаббускору варзишгарро бо ин дастоварди шоён табрик намуда, дар фатҳи қуллаҳои нави дастовардҳо ба онҳо барор орзу намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>