Ифтихор аз фарзандони далеру шуҷоъ

1

Дар доираи таҷлили ҷашни Рӯзи қабули Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иқдоми кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд як қатор волидони сарбозон аёдат карда шуданд.

Муовини раиси кумиҷроия Муҳаббат Ӯрунбоева, мудири шуъбаи кор бо занон Заррина Манонова ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Олимҷон Норматов аёдатшудагонро ба муносибати қабули қонуни асосии давлат табрик намуда таъкид доштанд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шараф ва мактаби ҷасорат аст.

Гуфта шуд, ки бо иродатмандии Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии кишвар  рушд намуда, имрӯз шароити қисмҳои ҳарбӣ хеле хуб аст. Мисоли возеҳи он шароити буду боши афсарону аскарон дар қисми низомии  051058-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун мебошад, ки аз он фаъолони ҳизб дидан намуданд.

Волидони сарбозон бо шукрона аз тинҷиву амонии кишвар баён доштанд, ки пайваста аз хизмат ва зиндагии фарзандонашон тариқи телефонии мобилӣ огоҳӣ доранд ва шод ҳастанд, ки дар қатори ҳазорон сарбозони шуҷоъ фарзандонашон марзу буми мамлакатро нигаҳбонӣ мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>