Истиқлол: интихоби раиси кумиҷроияи ҲХДТ

IMG-950

Имрӯз, 8–уми ноябри соли 2019 маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол баргузор гардид.

Дар маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода, Раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Амонзода, аъзои кумитаи иҷроия ва фаъолон иштирок доштанд.

Зимни ин маҷлис ду масъала, аз вазифа озод намудани раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол ва интихоби раиси нави кумиҷроияи шаҳрӣ баррасӣ шуд.

Мансур Боқиев, ки то ин дам ҳамчун раиси кумиҷроияи шаҳрӣ кор мекард, бинобар ба вазифаи дигар гузаштанаш аз ин вазифа озод ва ба ҷои ӯ номзадии Ниёззода Муҳаммад бо роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мувофиқа гашта, дар маҷлиси кумитаи иҷроия интихоб гардид.

Сатториён Матлубахон Амонзода, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ба роҳбари тозаинтихоби кумиҷроияи шаҳрӣ дар иҷрои вазифаи масъулиятнок барору муваффақият таманно кард. Вай ҳамзамон барои боз ҳам беҳбуд бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, тақвият додани корҳои тарғиботӣ, омодагӣ ба маъракаи сиёсии интихобот дар назди масъулон вазифаҳои мушахас гузошт.

Раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Амонзода аз иқдому ташаббусҳои аъзову ҷонибдорони ҲХДТ қаноатмандӣ карда, афзуд, ки ҳизбиён минбаъд низ бо амалигардонии барнома ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар рушду пешрафти шаҳр саҳмгузор мегарданд.

Мансур Боқиев, ки айни замон роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Истиқлол таъйин шудааст, ба ҳайси раиси кумиҷроия дар пешрафти кори ҳизбӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори он саҳми назаррас дорад.

Муҳаммадҷон Ниёззода то ин дам дар вазифаи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол кор карда, аз кадрҳои соҳибтахассусу кордон ба шумор меравад.IMG-b306

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>